Толеъномаи 02 декабр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар танҳоӣ амал намуда, натиҷаҳои хубро ноил мегардед. Муваффақиятҳои шумо боиси рашку ҳасади душманон гашта, аз ҷониби онҳо бадкирдориҳоро дидан мумкин аст. Қабл аз онки аз кӯмаки нафаре истифода мебаред, нағзакак фикр кунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Корҳои дар пеш гузоштаи худро бо осонӣ рафъ месозед. Аз баҳсу мунозира бо ҳамкорон худдорӣ намоед. Дар ин рӯз фаъол будану сайр кардан ба фоидаи шумо аст. Муносибатҳои нави ошиқона имкон дорад. Бо шиносҳои деринаи худ робитаро барқарор мекунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Бо мушкилиҳои зиёди оилавӣ бо наздикони худ муноқиша мекунед. Бо вуҷуди иброз намудани нуқтаи назари худ, чизе тағйир намеёбад. Аз вохӯриву нишасти дӯстон беҳтараш худдорӣ намоед. Бо шахсе, ки дӯсташ медоред, муноқиша карданатон имкон дорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи серташвиш буда, аз мушкилиҳои пешомада натарсед. Айни замон шумо нафарони танбалу лавандро ба фаъол будан даъват карда метавонед. Ба нафарони бегона имкон надиҳед, ки ба ҳаёти шахсиятон бинӣ халонанд, инчунин барқасди нафаре амал накунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи гуворо аст. Агар шуғли дӯстдошта дошта бошед, ҷасурона бо он машғул шавед. Дар саломатиятон каме мушкилӣ сар зада, бемор шудани меъда ва гурдаҳо имкон дорад. Парҳезро риоя намуда, бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз ваъдаҳои хушку холӣ надиҳед, вагарна дар иҷро намуданаш душворӣ кашида, роҳи халосӣ меҷӯед. Ҳама гуна муноқишаи хурд ба ҷанҷоли калон печида, то ба ҷудоӣ бо шахси дӯстдоштаатон мерасад. Вазъи молиявиатон душвор гашта, таъсираш ба муносибати оилавиятон мерасад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Вақте расидааст, ки бо одатҳои бади худ мубориза баред. Агар дар саломатиятон иллате пайдо шуда бошад, ҳатман ба назди духтур равед. Дар роҳ ва ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошед. Баъди нисфирӯзӣ хӯроки сахт хӯрданро тавсия намедиҳем.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ба доми макру ҳилаи баъзеҳо афтида, дар натиҷа шуморо гунаҳкор мекунанд. Чунин ҳолат ҳам коллектив ва ҳам дар оила рух дода метавонад. Ба мушкилиҳои молиявӣ аз ҳад зиёд диққат надиҳед. Агар пулро ба чор тараф пош надиҳед, зиндагиятон хуб маҷро мегирад. Дар ҳама кор бо табъи хуш назар намоед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Барои он ки ягон ҳодисаи ногувор рух надиҳад, кӯшиш намоед, ки ба дағаливу садои баланд роҳ надиҳед.Ҳамкорон шуморо дастгирӣ мекунанд, бо шарофати онҳо ба натиҷаҳои хуб ноил мегардед. Дар масъалаҳои ошиқона баъзе мушкилиҳо имкон доранд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз нисбати худ таънаву маломати зиёд мешунавед. Агар ба дастгирии молиявӣ ниёз дошта бошед, ба дӯсти деринатон, ки дар чунин лаҳзаҳо шуморо дастгирӣ кардааст, муроҷиат кунед. Аз сабру таҳаммули шумо бисёр чизҳо вобастагӣ дорад. Хоби дидаатон амалӣ мешавад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Агар шумо мағозагардиро дӯст медошта бошед, ҳангоми сарф кардани пул андозаро нигоҳ доред. Агар хоҳиши истироҳат карданро дошта бошед, барои коре худро маҷбур насозед. Муносибатҳои ошиқонаатон чунон хушу гуворо ҷараён мегиранд, ки тамоми мушкили худро фаромӯш месозед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Муноқишаҳои ногаҳонӣ бо хешовандон табъатонро хира месозад. Агар ба доду фарёдзанӣ роҳ надиҳед, вазъият зуд рафъ мегардад. Дар масъалаҳои молиявӣ дақиқкор бошед. Нисбати нафароне ки зуд-зуд ба шумо дасти кӯмак дароз мекунад, боилтифот бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *