Толеъномаи 10 январ 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Вазъи рӯҳиатон хуб нест. Асабҳои ноором ва чеҳраи гирифтаатон муошират бо шуморо мушкил ва ҳатто номумкин кардааст. Шумо дар ҳар кор танҳо манфиати хешро меҷӯед ва хоҳиши дигаронро ба назар намегиред. Ҳатто ваъдаи додаатонро фаромӯш кардаед. Имзои қарордод ва ё шартномаи кориро ба дигар рӯз гузоред. Бо яке аз хешованди куҳансол гапатон мегурезад.Ягон даромади пулӣ имрӯз дар назар нест.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Агар бо мулоҳиза рафтор кунед мушкилотатонро ҳал намуда, бар душман ғолиб меоед.Кӯшиш кунед то аз худатон бештар талб кунед на аз дигарон. Ба ҳеҷ ба ваҷҳ рӯҳафтодагӣ роҳ надиҳедтабъи болида кафили саломати ва барори кор.  Ба Саврҳои муҷаррад эҳтимоли бастани ақди никоҳ ё гирифтани пешниҳодӣ ҳамзистӣ зиёд аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Вохӯриҳои ҷолиб, шиносоӣ бо шахсе, ки бо як нигоҳ шуморо метавонад дарк кунад, Аз сафари дур бо мошин худдорӣ намоед, бештар пиёдагардӣ намоед  Корҳои зиёдро ба дӯш нагиред то ба саломатиатон зиён наоварад. Барои хуш нигоҳ доштани ҳамсафарии ҳаётии хеш каме кӯшиш ба харҷ диҳед гумон накунед, ки танҳо бо бастани ақд хушбахташ кардед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ҳамеша ба ҳар чизҳои майда чуйда аҳамияти зиёд медиҳед. Ҳарос ва фикри оянда намегузорад зиндагии кунуниро ба хубӣ гузаронед. Чан пешниҳоди хубӣ корӣ шудааст зиёд фикр накунеду якеро интихоб кунед вагарна дигаре мекунад.Аз муоинаи духтури касалиҳои даруна як маротиба гузаред. Меҳмонӣ рафтан ба хонаи хешон ё даъватнамудани онҳо ба хона баҳри хуб намудани муомилаатон кори хубе хоҳад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Мушират ва кор бо одамон бароятон бисёр хушоянд аст нисбат ба ҳуҷатгузорӣ ва ҳисобу китоб. Дар ҷойе, ки диққат ва эҳтиёткорӣ лозим аст шумо аз беаҳамиятии хеш ба хатогие роҳ медиҳед, ки метавонад оқибати нохуш дошта бошад. Дар эҷодкорӣ бошад шумо ҳамто надоред, зеро ҳиссиётатон ҳамеша ба шумо кӯмакрасон аст. Ба системаи асабатон фишор наоред.Ба сафари дур набароед, зиёдтар пиёдагардӣкунед. Мушкилотатон да оила ҳал шуд,шумо роҳи дурустро пешгирифтаед. Имрӯз ба кӯдаконатон бештар аҳамият диҳед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Мехоҳед ҳаёти худро ба куллӣ тағйир диҳед? Пас имрӯз дар ин маврид фикр кунед. Дилатон аз пешомади хубе гувоҳӣ медиҳад. Шумо қобилияти пешбинӣ намудани ояндаи на танҳо хеш ва ҳатто дигарон ҳастед.Ҳар воқеаро пеш аз вуқӯъ ҳис менамоед. Атрофатон пур аз одамони гуногун ва ҷолиб аст. Аз пешниҳоди сафар ба ҷойе рӯй натобед хуш мегузарад.Ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои ирсӣ бештар меваҳои дорои витани “С” истеъмол кунед. Ба ҳамсаратон он чизеро гӯед, ки аз шумо шунидан мехоҳад. Нешзаниро канор гузоред ва аҳли оилаатонро хушбахт нигоҳ доред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар кор имрӯз шумо ҳамто надоред. Ҳамаи мушкилотро ба осонӣ метавонед ҳал кунед. Аммо дар масъалаҳои шахсӣ барор бо шумо нест. Бо дӯстдоштаатон ҳеҷ гапҳоятон рост намеоянд ва ҳатто ба назар мерасад, ки ин охири кор аст, аммо шитоб накунед ба зудӣ маълумоте ба даст меоред, ки баҳри барқарории муносибататон ба шумо кӯмакрасон хоҳад шуд.Барои хариду фурӯш рӯзи бобарор аст. Саломатиатон низ комилан хуб аст ва ҳатто дарди меъда имрӯз шуморо азият намедиҳад. В ҳои оиладор бо ҳамсари худро ба хӯроки шом даъват кунед ва ё дар хона чунин муҳитро ташкил намоед пушаймон намешавед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар муносибатҳои шахсӣ рӯзи хушу бобарор аст. Ошиқон имрӯзро бо ҳам хело хотирмон мегузаронанд. Дар фаъолияти корӣ бошад вазъият ин қадар хуб нест.Ҳатто мувафақиятҳои оддитарини шумо боиси ҳасуди атрофиён мешавад. Эҳтимоли баҳс бо роҳбарият мавҷуд аст.Он кореро, ки оиди нигоҳдории саломатӣ имрӯз дар нақша доштед ҳатман анҷом диҳед ва солҳои зиёд солиму бардам мемонед. Аз муноқиша ва баҳс бо наздикон мисле, ки аз вабо гурезед. Ба ҳар пешниҳод ва фикри ҳамхонаҳоятон розӣ шавед хавотир нашавед баъдан шумо метавонед онро тағйир диҳед, аммо имрӯз не!Фаромӯш накунед ягона касе, ки метавонад вазъи кунунии корҳоятонро иваз кунад танҳо худи шумоед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Эҳтиёт бошед, рӯз пур аз хавфу хатар аст. Аз гашту гузори зиёд ва рафтан ба ҷойҳои ношинос худдорӣ намоед. Эҳтимоли аз бардоштани захм ва ё аз даст додани чизе вуҷуд дорад. Барои кашмакашҳои судӣ рӯзи хубе нест.Дар корхона корҳоятон хуб пеш мераванд. Ба он чизе, ки истеъмол мекунед аҳамияти хоса диҳед. Беҳтараш  хӯроки гарми хонаги хӯред, зеро истеъмоли ғизои носолим ва сари роҳӣ метавонад ба саломатиатон зиён оварад.Дар  баҳсҳои оилавӣ фаъолона ширкат варзед, зеро ҳалли масъала маҳз дар дасти шумост. Хело шуд бо ҳамсари худ аз таҳти дил сӯҳбат накардаед вақте расидааст, ки ин хатогиатонро ислоҳ кунед. На танҳо бо ҳарф.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Шумо бисёр инсони эҳсосотӣ ҳастед ва ҳар чизҳои хурду резаро ба дид наздик мегиред. Дӯстонатон, ки аз ин хислати шумо огаҳанд кӯшиш мекунанд, ки шуморо аз  нохушиҳо дур нигоҳ доранд. Вале чун ҳис мекунед, ки чизеро аз шумо пинҳон медоранд зиёдтар асабонӣ мешавед. Дар асл ягон кори баде нашудааст ором бошед ва аз пайи хушгузаронӣ шавед. Саломатиатон комилан хуб аст, вале барои нигоҳдории қомати зебо беҳтараш ба варзиш машғул шавед. Ба ҳар мушкилоти оилави аз тараи дигар назар кунед ва хоҳед дарк кард, ки дар ҳар як кор хубие ҳаст, ҳатто дар корҳое, ки шумо бад мешуморед. Ба фаъолияти кориатон тағйироти куллӣ надароред, зеро метавонад ба кор шикаст биёрад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Шумо одати мушкил кардани ҳаёти хешро надоред ва ин комилан дуруст аст. Барои вохӯрӣ ва вақтгузаронӣ бо ҳамкасбон аз корхона берун фурсати хуб аст. Шунидани хабари хуш ё шояд даъват ба меҳмонӣ аз ҷониби шахсе, ки бароятон азиз аст эҳтимол дорад. Аз саломатиатон хавотир набошед. Шумо бисёр шахси фаъол ҳастед ва аз кор намеҳаросе, аммо имрӯзро барои истироҳат бо азизи дилатон истифода баред хуб мешуд.Вақти он расидааст, ки каме дар мавриди истироҳат фикр кунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯз каме мушкил ва сербаҳс мегузарад. Табъатон зуд зуд иваз мешавад. Гоҳе дилатон пур аз фараҳ ва боварӣ ва гоҳе димогӣ гирифта ва асабоният шуморо ҳамроҳӣ хоҳанд кард.Ба саломатиатон диққати ҷиддӣ диҳед,ба варзиши пагоҳирӯзӣ машғул шавед.Хоҳиш ва дархостҳои наздиконатонро рад накунед шумо ба хубӣ аз ӯҳдаи иҷрои он мебароед. Ба ҳамсари худ дар корҳои хона каме кумак расонед ва ин некиатонро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *