Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар аввали рӯз кӯшиш кунед, ки мушкилиҳои вобаста ба ҳуҷҷатгузориро бартараф намоед. Ба ғайр аз ин муносибатҳои оилавиро хуб намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф созед. Дар муносибат бо мансабдорон боэҳтиёт бошеду калиди муваффақиятро ба дасти хеш гиред. Дар қисмати охири рӯз дӯстонатон аз шумо ёрӣ металабанд, ки аз он даст накашед. Истироҳатро фаромӯш накунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Мавзуи асосии ин ҳафта дар бораи истеъдод ва кордонии шумо аст. Корҳоеро, ки дар нақша доштед, ба анҷом расонед. дар миёни рӯз каме корҳои иловагиро ба уҳдаи шумо мегузоранд. Наҳаросед, ва баҳри адои вазифа хизмат намоед. Ин боиси зиёд гаштани обруву нуфузатон хоҳад шуд.
Вақти он расидааст, ки бо корҳои махфиатон нуқта гузореду нофаҳмиҳои оиларо бартараф кунед. Муносибатро бо атрофиён хуб ба роҳ монеду аз маслиҳати онҳо истифода намоед. Ба саломатиатон диққат диҳед, то ки бемориатон хурӯҷ накунад. Нисбати кӯдакон дағал набошед. Шомро бо дӯстон гузаронидан беҳтар аст.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Вақти ба анҷом расидани кор бо дӯстон ва гурӯҳе аз ҳамкоронатон мебошад. Ҳар кореро, ки ба нафъи худу ҳамкоронатон аст, анҷом диҳед. Бо шиносҳоятон забон ёбед, чунки ба муваффақият расиданатон аз дастгирии онҳо вобастагӣ зиёд дорад. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошеду истироҳатро фаромӯш накунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Шуморо лозим аст, ки барои пайдо кардани саволҳои беҷавобатон ба муҳити бароятон ноошно ворид гардед. Тарҳи лоиҳаи навро ба нақша гиред, ба кори дигар гузаштанатон аз эҳтимол дур нест. Муваффақ будану набудани коратон аз худатон вобастагии зиёд дорад. Дар қисмати охири рӯз корҳоятон зиёд мешавад, ки ҳатто вақти истироҳат намеёбед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Бештари ақрабҳо ба хориҷа сафар мекунанд. Ақрабҳои варзишгар мавзӯъҳои хуберо думболагир мешаванд. Бо шахсони гуногун табақа вомехӯранд, ки барои фаъолияти минбаъдаашон заминаи устувор мегузорад. Нимаи дувуми рӯз рафтори ҳамсар ё дӯстдоштаатон боиси хира гаштани табъатон мегардад. Оромиро аз даст надиҳед, то баъдан пушаймон нашавед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Тамоми рӯз ба корҳое, ки ба шумо вобастагии зиёд дорад, машғул мешавед. Кӯшиш намоед, ки барои ба анҷом расонидани вазифаи хеш асабӣ нашавед, зеро рӯзҳои наздик ба он хотима мебахшед. Шуморо лоим аст, ки аз болои зердастонатон назорат бурда хушҳолӣ намоед. Аз даст додани умедҳоятон дар назар дошта шудааст, вале ҳамааш мегузарад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҷаддиҳо бо рафтору гуфторашон дигаронро ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин рӯз муносибатҳои ҳамкорӣ каме муташаниҷ мегарданд, вале муомилаи хуши шумо боис мегардад, ки муомила ба эътидол дароварда шавад. Ба вохӯриҳои ошиқона раведу аз зиндагӣ лаззат баред. Кор кардан хуб аст, лекин дилхуширо низ фаромуш накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз ҳарчанд корҳоятон зиёд мешавад, боз ҳам болои хеш ҷавр накунед. Бо тамоми қувва кор кардан бар зарари саломатиатон хоҳад буд. Агар раваду барои супоришҳои амалинашуда гап шунавед ҳам, инро зарбаи маъмулӣ ҳисобида, вазифаатонро иҷро намоед. Шомгоҳон истироҳат бештар бо аҳли оила машғул шаведу ба ҷойҳои тамошобоб равед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дӯстони гумгаштаатон имрӯз ба ҳаётатон бармегарданд. Лоиҳаҳои фарҳангие, ки ҳутҳои зиёӣ дар нақша доштанд, ба нафъашон ҳал мешавад. Дар нимаи дувуми рӯз эҳтимоли шиносоиҳо ошоқона зиёд мешаванд. Дар ин муддат ба намуди зоҳириатон диққат намоеду зебогиатонро аз даст надиҳед. Дар вақтҳои фориғ аз кор бо ҳамсафари ҳаётиатон ба тамошо равед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ