Толеъномаи 19-уми октябри соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хубест барои бастани ақди никоҳ ва баргузор кардани тӯйи арӯсӣ. Бо дӯстону наздикон гапатон мегурезад, ҳангоми баҳсу мунозира ба эҳсосот дода нашавед. Бонувон бояд ба саломатии худ диққати бештар диҳанд. Истироҳату сайругашт боиси болида гаштани табъатон мегардад.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи душвор аст. Мушкилиҳои ҳалталаби корӣ ва шахсӣ қувваву мадори зиёдатонро талаб мекунанд. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Дар ин рӯз ба касе қарз надиҳед, эҳтимол пулатонро дигар барнамегардонанд. Пулро танҳо ба нафароне диҳед, ки аз онҳо дилпур бошед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

 Имрӯз коратон натиҷаи хуб медиҳад, вале заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд. Агар нисбати атрофиён нармгуфтор бошеду ба дағалӣ роҳ надиҳед, муносибати онҳо низ бо шумо хуб мегардад. Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмӣ ва муноқиша рух медиҳад. Ба рашк роҳ надиҳед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ҳама коратон дар ин рӯз барор мегирад. Тамоми нақшаву ниятҳоятон амалӣ мегарданд. Нотарсона аз пайи корҳое шуда метавонед, ки чандон сарфаҳм намеравед. Аз нафаре, ки шуморо дӯст медорад, хабари хуш мешунавед. Сафарҳои тиҷоратӣ ё харидҳо бебарор анҷом меёбанд.

Асад ( 23 июл- 23 август)

 Рӯзи душвор аст. Бо сабаби он ки худро ором карда наметавонед, зуд-зуд ба қаҳр меоед. Агар имкони дар танҳоӣ гузаронидани рӯзро дошта бошед, аз он истифода баред. Дар ин рӯз на танҳо камбудиҳои хона, балки мушкилиҳои шахсиро рафъ карданатон лозим меояд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барои машғул шудан бо корҳое, ки маблағи калони пулиро талаб мекунад, рӯзи мусоид нест. Мушкилиҳои нотамоми атрофиён ё туҳмати нафаре боиси қаҳру ғазабатон мегардад. Худро ба даст гиред, вагарна оташи ғазабатон ҳамаро ба хокистар мубаддал мегардонад. Баъзеҳо гирифтори руҳафтодагӣ мегарданд.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Давраи санҷишу имтиҳонҳо ба охир мерасад. Корҳоятон натиҷаи хуб медиҳанд. Рӯзро дар замини наздиҳавлигӣ гузаронидану ҳаракатҳои ҷисмонӣ манфиатбахш аст. Бо вуҷуди бобарор будани рӯз ба макру фиреб дода нашавед. Ҷавонон ба кӯмаки нафарони калонсол умед баста метавонанд.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Барои истироҳати оилавӣ ва дигар робитаҳо рӯзи номусоид аст. Имкони рух додани муноқиша, нофаҳмӣ, хафагиву фиреб вуҷуд дорад. Беҳтараш рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Агар чунин имконро надошта бошед, аз ғазаб худдорӣ намуда, ба даҳони худ нигоҳ карда гап занед. Дар акси ҳол шуморо нодуруст мефаҳманд.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз аз нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед. Бо сабаби истеъмоли ғизои нодуруст бемор шудани меъдаатон имкон дорад. Зиёд зудбовар нашавед, нафароне ҳастанд, ки аз содагии шумо истифода бурдан мехоҳанд.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Боақлона рафтор намуда, ҳангоми баҳс ба ақли солим гӯш дода оқилона рафтор намоед. Бо нафарони ношинос аз таҳти дил суҳбату дарди дил накунед, вагарна хафагиву ранҷиш ва дилсиёҳӣ имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ ҳушёриро аз даст надиҳед, ба доми дузду қаллобон афтиданатон эҳтимол дорад.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Рӯзи бобарор аст. Пешравӣ дар касбу кор боиси зиёд шудани даромади пулиятон мегардад. Ҳар маблағеро, ки имрӯз ба даст меоред, барои камбудиҳои рӯзгор сарф карданатон лозим меояд. Вазъи саломатиятон аз оромии асабҳо вобастагӣ дорад.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Қабл аз гаперо гуфтану кореро ба анҷом расонидан сад маротиба андеша намоед. Дар ин рӯз таваккал кардан хуб нест, вагарна тамоман бепул мемонед. Дарди сар ва ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад.Ба саломатии худ, хусусан ба сифати хӯрок бодиққат бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *