Толеъномаи 22 феврал 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Барои нишон додани ҳунару маҳорати худ заҳмати зиёде кашиданатон озим меояд. Агар нияти иваз намудани ҷойи кори худро дошта бошед, пешакӣ аризаатонро нависед. Дар ҳаёти шахсӣ соҳибихтиёрӣ таъсири манфӣ мерасонад. Сабабҳои муноқиша бо дӯстдоштаатон зиёд мегардад, аз он дурӣ ҷӯед. Хавотирӣ ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасонад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Чунон рӯзи серташвиш аст, ки мисоли санҷоб дар чархофалак медавед. Мушкилоти оилавӣ ва рӯзгорро сари вақт рафъ карданатон лозим меояд, вагарна ҷамъ шуда, рафъ карданаш душвортар мегардад. Барои иваз намудани ҷойи кор, ҷои зист ва касбу кор рӯзи мусоид аст. Дар хоб дидани ашк ва фиғон нишонаи бад аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Муносибатҳои шахсиятон тавре сурат мегирад, ки бо дӯстдоштаатон гоҳе қаҳрӣ ва гоҳи дигар оштӣ мегардед. Қариби бегоҳ чунин асабхаробӣ ба саломатиятон таъсири худро мерасонад. Вазъи молиявиатон муътадил мегардад, аз ин рӯ нафароне, ки қарздоранд, хуб мебуд, ки қарзҳояшонро баргардонанд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз аз робита бо нафарони бад дурӣ ҷӯед. Бадкирдории атрофиёнро баръало эҳсос мекунед. Пулҳои худро ҳатто ба шахсони наздикатон бовар накунед. Эҳтимоли гумшавӣ ва дуздидани пулҳоятон вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзӣ ба мулоқоти ошиқонае меравед, ки чанд ҳафта боз ба таъхир мегузоштед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Вазъияти баҳсбарангезро бо кӯмаки наздикон рафъ месозед. Ба ҳолати ногувор афтидани худро ба онҳо нақл накунед. Вазъият рӯзҳои наздик тағйир ёфта, ёди он дергоҳ дар хотиратон нақш мебандад. Дар сари қаҳру ғазаб бо дӯстдоштаи худ низ моҷаро накунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Барои он ки дар корҳои майда –чӯйда ба ғалат роҳ надиҳед, бояд бодиққат бошед. Ҳар қадаре сифати коратон хуб бошад, ҳамон андоза маблағи хуб мегиред. Дар давоми рӯз нафаре ба шумо занг мезанад, ки дербоз якдигарро надидаед. То даме ки дар борааш тамоми маълумотро ба даст наоред, ба ҳамкорӣ розӣ нашавед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз ба коре, ки оқибати ногувор ба бор меорад, машғул нашавед. Бо тамоми ҳастӣ ҷонро фидои нафаре месозед, ки сахт дӯсташ медоред. Агар хастагиро эҳсос кунед, бо истифода аз воситаҳои халқӣ онро рафъ намоед, дору нахӯред. Баъди нисфирӯзӣ бо нафаре муноқиша мекунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ҳама кор ҷиҳатҳои мусбии онро ҷӯё шавед, хусусан ҳангоми робита бо одамон. Дар ҷодаи муҳаббат ташвишатон беҳуда аст. Агар дӯстдошта дошта бошед, ғаму андуҳро аз дил дур сохта, ба рашк умуман роҳ надиҳед. Кӯшиш намоед, ки нисбати шахсияти ҳар нафар эҳтиром дошта бошед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарин сабру таҳаммулро аз даст надиҳед. Маблағеро ки интизор будед, сари вақт ба даст оварда наметавонед. Камбудиҳои дар ҷойи кор сарзадаро бо кӯмаки роҳбарият рафъ карда метавонед. Дар муносибатҳои оилавӣ ваъдаҳои хушку холӣ ё мушкилӣ эҳтимол дорад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз диққати худро ба корҳое равона намоед, ки аз уҳдааш мебаромада бошед. Масалан, рафтори худро дар ҳаёти шахсиятон тағйир диҳед ё бо кори нав машғул шавед. Агар дар масъалаҳои молиявӣ бо пайвандони худ ҳамфикр нагардед, кор бо муноқиша анҷом меёбад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз нисбати хешовандони калонсолатон ғамхорӣ зоҳир намоед. Барои корҳои ҷисмонӣ, истироҳат дар ҳавои тоза, робита бо дӯстон рӯзи мусоид аст. Вохӯрии дар ин рӯз бавуқӯъ омада лаҳзаҳои гувороро тақдиматон месозад. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Хуб мебуд, ки ба ҳаёти шахсии бегонагон мароқ зоҳир накунед. Ба пули бедардимиён ва қиморбозӣ майл накунед, вагарна аз нафари воломақоме қарздор мешавед. Барои нафароне, ки аз ташхис гузаштан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст. Хусусан ба саломатии фарзандони худ бодиққат бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *