Толеъномаи 22 ноябр 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз бо сабаби пеш омадани мушкилиҳои рӯзгор ва норасоии пул бо аҳли оила муноқиша имкон дорад. Нисбати шахси дӯстдоштаатон гузашт кунеду меҳрубонӣ зоҳир намоед. Корҳои нав оғоз кардаатон бобарор мешаванд, вале беҷуръатӣ ё нафарони бегона ба рафти коратон таъсири манфӣ мерасонанд.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Рӯзи душвор аст. Аз фиреб хӯрдану ба доми макр афтидан эҳтиёт шавед. Ба сафару саёҳат баромаданро тавсия намедиҳем. Дар ин рӯз ба оина нигоҳ накунед, шикастани оина фоли бад аст. Бо таъмир ва ободонии хона машғул нашавед. Дар хоб дидани дандони дардманд аз бемор шудан ё робита бо нафарони беинтизом дарак медиҳад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имкони ба даст овардани пул дар ин рӯз зиёд аст. Орзуи наҷибтаринатон ҷомаи амал мепушад. Аввали рӯз ҳодисаҳои ногаҳониву ногувор имкон доранд. Аз садо баланд кардану дағалӣ худдорӣ намоед. Бо шарикони корӣ дар масъалаҳои пулӣ нофаҳмӣ имкон дорад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Аввали рӯз воқеаҳои ғайриоддӣ имкон доранд, ки на ҳамааш табъи дили шумоянд. Аз ҳад зиёд кӯшиши озод буданро накунед, вагарна дар оила муноқиша сар мезанад. Агар ба ғазаб омадани худро эҳсос кунед, барои ором шудан каме истиҳола намоед. Шумо бояд гузашт карда шартҳои пайдошударо қабул намоед, вагарна муносибатҳоятон душвор гашта, имкони ислоҳ кардани вазъият душвор мегардад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Саховатмандии аз андоза зиёд ё баръакс зихнагии ногаҳонӣ боиси муносибати сарди атрофиёнатон мегардад. Вохӯрии ошиқона ва харид карданро мавқуф гузоред, бебарор анҷом меёбанд. Муносибатҳои ошиқонае, ки бо омадани баҳор дар ҳаётатон пайдо шудааст, боиси ғам хӯрдану дарди ҳиҷрон кашиданатон мегардад. Ба мушкилии молиявӣ бепарвоӣ зоҳир накунед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯзи бобарор аст, мушкилиҳои сарзадаро ҷасурона рафъ месозед. Хариди калон ва чизҳои қиматбаҳо имкон дорад. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад, бемалол чизҳои даркориро дастрас намоед. Барои беҳтар гаштани муносибатҳои ошиқонаатон бояд рафтори худро тағйир диҳед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи номусоид аст. Корҳои хона аз шумо кӯшиши зиёдро металабанд, аксари мушкилиҳоро дарҳол рафъ карда наметавонед. Аз ҳад зиёд фаъолшавӣ натиҷаи хуб намедиҳад ва танҳо хастагӣ меорад. Бонувон дар ҳаёти шахсӣ ба тағйиротҳои манфӣ гирифтор мешаванд. Мардҳо бояд нисбати занҳои дӯстдоштаашон боилтифот бошанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Тағйиротҳои муҳим ва хабарҳои ногаҳониву нохуш имкон дорад. Пешниҳоди хуби корӣ мешавад, вале ба саросемагӣ роҳ надиҳед, зеро ғалат кардану касеро ранҷониданатон эҳтимол дорад. Баъди нисфирӯзӣ саломатиятон нохуб гашта, хавотир шуда, пешомади бадро ҳис мекунед. Дар ҳаёти шахсӣ ба рашку ғурур роҳ надиҳед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Барои истироҳат, машқҳои ҷисмонӣ ё кор дар ҳавои тоза рӯзи мусоид аст. Бонувонро дар ҳаёти шахсӣ тағйиротҳо интизоранд. Мардҳо бояд сабру таҳаммулро пеша намуда, интизори тағйиротҳои беҳтар шаванд. Дурӯягӣ боиси бад шудани муносибатҳо бо атрофиёнатон мегардад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Нимаи аввали рӯз хабарҳои ногаҳонӣ ва ҳодисаҳои ғайриоддӣ имкон доранд. Вазъи саломатиятон нохуб гашта, ҳолати руҳиятон бад мегардад. Асабхаробӣ, руҳафтодагӣ ва ҳатто ҳасад хӯрдан боиси бемор шуданатон мегардад. Бо сабаби баланд будани масунияти бадан бемориҳои вирусӣ ва сироятӣ ба шумо таъсир намерасонанд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳангоми сарфи пул хеле боэҳтиёт бошед, ба хариди беҳуда роҳ надиҳед. Бо сабаби норасоии пул ё рашки беасос байни зану шавҳарон муноқиша имкон дорад. Аксарият чизҳои қиматбаҳояшонро гум мекунанд, ки арзиши зиёде доранд. Барои ба даст овардани пули муфт ба бозиҳои пулакӣ ва макру фиреб роҳ надиҳед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз бо аввалин ишора аз пайи ҳар нафари пешомада давиданро маслиҳат намедиҳем. Дар муносибатҳои ошиқона ба ҳар кас дил бастанро маслиҳат намедиҳем. Кореро, ки боиси рехтани обрӯятон мегардад, накунед. Барои нафароне, ки ба ҷойи кор ё хонаи нав кӯчидан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст. Диққати бештари худро ба ҳолати дандону вораҳо равона созед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ