Толеъномаи 27 май 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи хеле бобарор аст. Тамоми монеаву мушкилиҳоро паси сар карда, ба мақсадҳои дар пеш гузоштаатон мерасед. Дар ин рӯз ҳодисае рух намедиҳад, ки  боиси дигаргун шудани ҳаётатон гардад. Агар аз нафаре қарздор бошед, ҳатман баргардонед. Саломатии худро дар ҷои аввал гузоред.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз ягон ҳодисаи ногувор рух намедиҳад. Гардишҳои аҷибу ногаҳонӣ метавонанд ояндаи шуморо тағйир диҳанд. Айни замон бештар дар робита бошед, зеро муваффақиятро маҳз бо кӯмаки дӯстону шиносон ба даст меоред. Шуғли дӯстдоштаатон манбаи нави даромад мегардад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз коратон барор мегирад. Дар ҷойи кор ҳамкоронатон дар амалӣ сохтани нақшаҳо кӯмак мерасонанд. Дар ҷодаи муҳаббат ягон нофаҳмӣ дида намешавад, эҳтимол хабарҳои хуш мешунавед. Ба қувваи худ эътимод намуда, муваффақ мегардед, аз ин рӯ ҳама чизро ба дил наздик қабул накунеду руҳафтода нашавед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар назди худ нақшаву ниятҳоеро гузоред, ки аз уҳдааш баромада тавонед. Натиҷаи ягонае, ки шумо дар ин ҳолат ба даст оварда метавонед, табъи гирифта аст. Кӯшиши фиреб кардани ягон нафарро накунед. Бар замми хароб шудани асаби худатон хотири атрофиёнро низ озурда месозед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ба асабоният роҳ надиҳед, ҳатто ба талаботи зиёди наздиконатон сабур бошед. Одати дар ҳама кор хӯҷаинӣ карданро партоед. Аз ташвиши зиёди рӯзгор барои шахси дӯстдоштаатон вақт намеёбед. Баъди нисфирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки чанд муддат дар ҷустуҷӯяш будед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рўзи мусоидест барои амалисозии нақшаву ақидаҳо. Қобилияти кориятон дар сатҳи баланд қарор дорад. Ба саломатии худ бодиқат бошед. Барои он ки тамоми корҳои банақшагирифтаатонро амалӣ гардонед, ба хотирӣ дўстӣ дар коре гузашт накунед. Агар дўстон ба ҳамкорӣ даъват кунанд, саросемавор розӣ нашавед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Муноқиша бо наздикон табъатонро хира мегардонад. Ба шарте ба мақсад мерасед, ки ба дағалӣ роҳ надиҳед. Ҳама корро сулҳомезона рафъ намоед. Дар муносибат бо шахси дўстдоштаатон ба кинояву танқид роҳ надиҳед, вагарна ёратон ба ҷои ислоҳ шудан барқасдкорӣ мекунад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рўзи бобарорест барои маъракаҳои дилхушкунанда ва вохӯриҳо. Агар бо шахси дўстдоштаатон ба меҳмонӣ мерафта бошед, ўро аз мадди назари худ дур насозед. Вагарна рафтори шумо сабабгори ранҷишу муноқиша мегардад. Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои манфӣ имкон доранд. Ба касе имкон надиҳед, ки ба шумо фишор оваранд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рўз ба пешниҳодҳои дилфиреб дода нашавед. Рафту ба қарори катъие омаданатон зарур бошад, бо нафарони кордон маслиҳат кунед. Дар масъалаҳои ошиқона, ҳаёти шахсӣ ва шиносоиҳои нав рўзи бобарор аст. Аз ҷониби дўсти вафодор ё ҳамсаратон маслиҳати судманд ё кўмак мебинед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рўз уҳдадориҳои зиёдеро ба дўши худ бор накунед. Агар аз уҳдаи коре набароед ё дилатон ба коре ҷалб нагардад, ин коро барои чанд рўз ба таъхир гузоред. Барои муноқиша бо шахси наздикатон рўзи мусоид нест. Ташрифи меҳмонони нохонда боиси ташвишатон мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз ягон тағироти манфӣ рух намедиҳад. Барои машғул шудан бо корҳое, ки аз уҳдааш мебароед, рўзи мусоид аст. Агар аз нафаре қарздор бошед, ба осонӣ қарзатонро бармегардонед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бегоҳирўзӣ хўрокҳои хамириро истеъмол накунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Агар аз уҳдаи коре набароед, бо тамоми қувват кўшиши ба мақсад расиданро накунед. Ҳангоми гуфтор бо наздикон боэҳтиёт бошед. Барои фотиҳаву бастани ақди никоҳ рўзи мусоид аст. Вохўрӣ бо дўстони дерин хотиратонро болида мегардонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *