Толеъномаи 27 ноябр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ҷои кор ба муваффақиятҳои  зиёд ноил мегардед. Табъи болида пеши коратонро мекушояд, вале ба коре таваккалан даст назанед. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта бештар ғамхорӣ зоҳир намуда, муҳаббату меҳрубониро арзонӣ донед, вагарна аз муноқишаву таъна эмин намемонед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз набояд ягон ҳодисаи ногаҳонӣ табъатонро хира гардонад. Воқеаҳои аҷиб ояндаи шуморо тағйир медиҳанд. Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав, вохӯриҳои тақдирсоз ва мулоқотҳои ошиқона. Бо танбаливу дар як ҷо нишастан муроде ҳосил намешавад, аз пайи кор шавед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз ягон воқеаи муҳим рух намедиҳад. Агар ба коре машғул шудан нахоҳед, беҳтараш айёми мусоидтарро интизор шавед. Вақте расидааст, ки нағзакак истироҳат намуда, нерӯи худро барқарор созед. Бо наздикони худ муноқишаву моҷаро накунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аз ғайбат кардану сифатҳои манфии нафареро изҳор намудан худдорӣ намоед, вагарна гапҳои шуморо бар зидди худатон истифода мебаранд. Айни замон нерӯятон зиёд гашта, ба ҳама гуна мушкилӣ тоб оварда метавонед. Ҳатто аз чашми бад эмин мемонед. Танҳо дар корҳои нек аз наздикони худ кӯмак пурсида метавонед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ба амалҳои аз ҳад зиёд фаъол даст назанед. Барои муайян намудани марому мақсади худ ва ба эътибор гирифтани талаботу имкониятҳоятон хеле андеша намоед. Ҳар ваъдае, ки ба шумо медиҳанд, бо эҳтиёт назар намоед. Эҳтимол нафаре аз ваъдадиҳандагон дар гапи худ истодагарӣ карда наметавонад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи хубест барои пешравии касбу кор ва муносибатҳои ошиқона. Бо қувваи дучанд метавонед аз пайи корҳои нав шавед. Вақти бештари худро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронида, тамоми мушкилиҳои ба саратон омадаро дар як лаҳза фаромӯш мекунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз  бо мушкилиҳои шахсӣ машғул шуданатон лозим меояд. Хабарҳои хуши худро ба нафароне, ки нисбати шумо душманӣ доранд, нагӯед, аз бадхоҳон эҳтиёт шавед. Кӯшиши касеро фиребиданро накунед, зуд ба даст меафтед. Барои хариди калон рӯзи мувофиқ нест.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар масъалаҳои ҳаёти шахсӣ ба сабукандешӣ роҳ надиҳед. Нафаре бо сабабҳои сар задани мушкилоти молиявӣ ва камбудиҳои рӯзгор сахт асабӣ мешавад. Агар қарзи гирифтаатонро дар муддати кутоҳ барнагардонед, мушкилатон печидатар мегардад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Воқеаҳои зиндагии қавс табъи дилаш сурат намегирад. Вазъияти душвор дар коллектив ва хона шуморо пурра афгор месозад. Дар масъалаҳои молиявӣ бошад, ба мақсад расида, ҳатто маблағи хуб ба даст оварда метавонед.  Аз оташ ва ашёҳои нугтез эҳтиёт шуданатон лозим аст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аз хешовандони худ хабарҳое мешунавед, ки боиси зуд ба роҳ баромаданатон мегардад. Ба тақдиру насиб бовар карда, бурд мекунед. Баъди нисфирӯзӣ мушкили молиявиатон роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Ба ғизои худ диққати бештар дода, ба хастагӣ роҳ надиҳед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз ба зиндагиву рӯзгори касе кордор нашавед. Бигзор зиндагияшонро худашон пеш баранд, шумо назорат баред, кифоя аст. Дар ҳаёти шахсиятон муносибати худро тағйир диҳед, баъзе рафтори шумо ба дили дӯстдоштаатон сахт мерасад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз асабхаробихои зиёд шуморо дар пеш аст, аз ин рӯ, бо сабру таҳаммул бошед. Бо ҳамкорон муноқиша накунед, вагарна обруятонро мерезонед. Бо дағаливу дилранҷонӣ касе ба мақсад нарасидааст. Бештар бо корҳое машғул шавед, ки бароятон нерӯи тоза мебахшанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *