Толеъномаи 31 июл 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ҷойи кор ва дар ҷодаи муҳаббат ба орзуву хостаҳои худ ноил мегардед. Хушнудии шумо ҳатто аз чашми бегонагон панаҳ намемонад. Нисбати саломатӣ фориғболӣ накунед, хӯрокро ҳамеша дар вақташ истеъмол кунед. Баъди нисфирӯзӣ мушкилоти рӯзгор боиси хароҷоти иловагӣ мегардад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ҳама кор бодиққат ва эҳтиёткор бошед. Ба корҳое, ки дақиқкориро талаб мекунанд, машғул шуданро тавсия намедиҳем. Мушкилоти рӯзгор ва андаке нотоб гаштанатон эҳтимол дорад. Маблағи худро барои ягон кори даромаднок сарф намоед, вагарна пул беҳуда сарф мегардад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз мустақилона амал кунед, он гоҳ аз мутахассисони ботаҷриба вобаста намегардед. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати нозу нузи шахси дӯстдоштаатон пуртоқат бошед. Рӯзона эҳтимоли гум шудани пул,қаллобгарӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби нафарони ношинос вуҷуд дорад. Эҳтиёт шуданро фаромӯш накунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Нисбати нафароне, ки чандин сол боз ҳамкорӣ мекунед, беҳурматиро раво набинед. Агар ҳунару маҳорати худро нишон додан хоҳед, ҷасурона амал намоед. Эҳтимоли вохӯрии нави ошиқона дар назар аст. Саратонҳои муҷаррад мурғи бахтро набояд аз даст диҳанд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар касбу коратон муваффақиятро интизор бошед. Бо варзиш машғул шудану сафарҳои роҳи дурро беҳтараш ба таъхир гузоред. Дар оила мушкилоти вобаста бо фарзандон имкон дорад. Ба ҷои садо баланд кардан, насиҳат кардан беҳтар аст. Ба баҳсҳои беҳуда роҳ надиҳед, вагарна ба ҷуз асабхаробӣ чизи дигаре намегиред.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Корҳои нав ё амалҳои хатарнок боиси хисороти молӣ гашта, корҳои тиҷоратӣ зарар меоранд. Дар ҳаёти шахсӣ боэҳтиёт ва бодиққат бошед. Мушкилоти рӯзгор боиси хароҷоти иловагӣ мегардад. Мушкилоти дигари сарзада бо фарзандон ва нохуб гаштани вазъи саломатиятон вобастагӣ дорад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Чандон рӯзи бе ташвиш нест, аз ин рӯ, корҳои муҳими худро аз субҳи барвақт ба нақша гиред. Аз ҷониби роҳбарият нофаҳмӣ имкон дорад, кӯшиш намоед, ки дар ин рӯз ба чашмаш нанамоед. Агар муносибатҳои ошиқонаи худро кандан хоҳед, бояд ин корро дилпурона ба анҷом расонед. То даме, ки ёратонро фаромӯш насозед, зиндагиро аз нав сохта наметавонед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи душвор аст. Кори муқаррариву якранг азиятатон медиҳад. Аз ҷониби бадхоҳон монеаву душманӣ имкон дорад. дар муносибатҳои оилавӣ низ мушкилӣ имкон дорад. Нафаре аз наздиконро бо дағалӣ сахт ранҷонида метавонед. Аз қаҳру ғазаб худдорӣ намоед, вагарна нафари бегуноҳеро озурда месозед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ба қадри нафароне, ки нисбати шумо боилтифот ҳастанд, расиданатон лозим аст. Барои ба даст овардани пул роҳҳои пулкоркуниро кофтанатон лозим меояд. Қавсҳои оиладор чунон ба фармонфармоӣ сар мекунанд, ки аз садои баланди худ ба тарс меоянд. Масунияти худро бо доруворӣ неву бо меваву сабзавот мустаҳкам гардонед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз дар коргоҳатон ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед, вагарна ҳама гуноҳро ба гарданатон бор мекунанд. Дар ҳаёти шахсӣ мушкили душвореро рафъ сохтанатон лозим меояд. Шахси дӯстдоштаатон баҳудаву беҳуда хурдагирӣ карда, асабатонро хароб месозад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Бо нафароне, ки рӯзҳои охир шинос шудаву дӯстӣ мекунед, ба обрӯву нуфузатон доғ мегузоранд. Муноқишаҳои дар ҷойи кор ва бо шиносҳоятон сарзадаро бо зӯрӣ рафъ карда наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ яке аз хешовандони худро аз ҳодисаи ногувор берун карданатон лозим меояд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Фавран аз пайи рафъ намудани мушкилоти оилави ва рӯзгор шавед. Агар бори дигар уҳдадориҳои дар назди аҳли оила доштаатонро фаромӯш кунед, аз муноқиша халосӣ намеёбед. Душвориҳои молиявиро бо қӯмаки дӯсти қадрдонатон рафъ месозед. Ронандаҳо бояд дар роҳ боэҳтиёт бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *