Толеъномаи 8-уми октябри соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Шӯхиву масхараи дӯстону ҳамкоронро дар ин рӯз нодида гиред. Ба саволи онҳое, ки бароятон беаҳамиятанд, посух надиҳед. Имрӯз дарк мекунед, ки дигар бидуни орзуву ҳавас зиндагӣ карда наметавонед. Даромади иловагӣ дар охири рӯз шуморо хушҳол мекунад, аммо пулро гирифта, зуд ба мағоза наравед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз аз ҷониби дӯстонатон кӯмаки молиявӣ мегиред. Ин натиҷаи ғамхорӣ ва дилсӯзиҳои шумо нисбат ба онҳо мебошад. Агар иштибоҳе кардед, афсӯс нахӯред, зеро дар ин дунё ҳама хато мекунанд. Кӯшиш накунед, ки худнамоӣ кунед. Дар вақтҳои холигӣ бештар китоб хонед ва нутқатонро бурро созед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба ҳама атрофиён исбот кардан мехоҳед, ки қобилияти баланди машғул шудан ба тиҷоратро доро ҳастед. Дӯсти беҳтарини шумо ба кӯмакатон эҳтиёҷ пайдо мекунад ва ҳатман ба ӯ ёрӣ расонед. Пешниҳоди кориеро, ки дар ҳоли ҳозир ба шумо пешниҳод мекунанд, қабул накунед ва нағзакак фикр карда бароед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ситораҳо мегӯянд, ки имрӯз дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ боэҳтиёт бошед, зеро дуздҳо аз ҷайбатон чизеро дуздида метавонанд. Кӯмаки наздиконатонро, ки ба онҳо эътимод доред, нодида нагиред. Ҳеҷ гоҳ ноумед нашавед ва барои расидан ба орзуҳои худ кӯшиш кунеду талош варзед. Шом хабари хуш мешунавед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз шумо аз рақиби асосии худ пеш гузашта метавонед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки озод бошед ва дар ҷои кор низ озодона кор кунед. Ба аёдати онҳое биравед, ки чанд муддат надида будед. Шом тамоми оиларо сарҷамъ карда, якҷоя хӯроки шом тановул намоед. Баъди хӯрок, қаҳва асабҳоятонро ором мекунад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯз барои онҳое, ки мехоҳанд бо дӯстдоштаашон масъалаҳои муҳимро ҳаллу фасл намоянд, муфид аст. Баъзеҳо ба корҳои шумо дахолат карда, асабиатон мекунанд. Ором бошед, онҳо ба шумо наздик шудан мехоҳанду халос. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз агар муносибататонро бо хонаводаи худ хуб накунед, эҳтимол, танҳо мемонед. Вақти он расидааст, ки сарфакор будан ва дар доираи имкониятҳои худ зиндагӣ карданро омӯзед. Ба гузашта салавот гӯед ва бо нияту нақшаҳои ҷадид ба пеш ҳаракат намоед. Дар азми худ устувор бошед, он гоҳ ба мақсад хоҳед расид.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар ин рӯз як пешниҳоди кории хеле мусоидро қабул хоҳед кард. Агар мустақилона қарорро қабул карда натавонед, аз дӯстони наздик ва ҳамкорони содиқатон маслиҳат пурсед. Бештар истироҳат кунед ва ба варзиши сабук машғул шавед. Машқҳои сабуки ҷисмонӣ муфид хоҳанд буд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар шумо хоҳиши суҳбат кардан бо нафари наздикатон пайдо мешавад. Ситораҳо мегӯянд, ки ин хоҳишатонро иҷро намоед. Суҳбати самимӣ асабҳои шуморо чунон ором мекунад, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ танҳо ба ҳарфи қалбатон гӯш диҳед, ки чӣ мегӯяд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бо наздиконатон муросо карда наметавонед. Беҳтараш бо онҳо машғул нашавед, вагарна дар сари қаҳру ғазаб нафаре аз онҳоро хафа мекунеду худатон ҳам баъдан пушаймон мешавед. Мушкилоти пуливу молӣ пеш намеояд, вале шумо ҳамоно барои рӯзи мабодо пасандоз кардан гиред.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз орзуҳои деринаи шумо ҷомаи амал мепӯшанд. Нафареро, ки дар ҳама ҳолат ҳамроҳатон асту шуморо дастгирӣ мекунад, қадр намоед ва нисбаташ бепарвоӣ зоҳир накунед. Эҳтимоли захм бардоштанатон зиёд аст, бинобар ин, эҳтиёткор бошед. Даромади пулӣ дар назар нест, умедворӣ накашед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ситораҳо мегӯянд, ки имрӯз дар муносибат бо наздиконатон босабр бошед. Онҳоро ба итоати худ дароварда наметавонед, зеро он қадар содалавҳ нестанд, ки ба зудӣ ба шумо бовар кунанд. То асабатонро ором накунед, корҳоятон пеш намераванд. Ҳутҳои ошиқро нокомӣ дар роҳи ишқ интизор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *