Толеъномаи 9 октябр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо шахси дӯстдоштаи худ муноқишаву низоъ карданро маслиҳат намедиҳем. Имрӯз сахт ба эҳсосот дода шудану дар  сари қаҳр гапи сахт гуфта метавонед. Бо нафаре шинос шуданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем. Хабари ногувор табъатонро хира мегардонад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар касбу коратон комёбиҳои назаррас дида намешавад, вале натиҷаҳои хуб ба даст меоред. Ба души худ гирифтани уҳдадориҳои дигаронро маслиҳат намедиҳем. Бо ин амалатон мушкили дигаронро низ ба сари худ бор мекунед. Дар ин рӯз ба мағозаву бозор рафтану пул сарф карданро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст, нақшаҳоятон тағйир меёбанд. Эҳтимол як шиноси деринатон бо рафтори худ шуморо ба ҳайрат меорад. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ оварда, чизҳои даркории худро харидорӣ карда метавонед. Беҳтар мебуд, ки каме пули худро барои рӯзи мабодо захира намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Майда-чӯйдаҳои зиндагиро ба таъхир гузошта, аз пайи корҳои муҳимтар шавед. Вақте расидааст, ки барои пешрави корҳоятон бо ҳамкорон маслиҳат кунед. Айни замон қувваи зиёди худро сарф месозед, аз ин рӯ, барои барқарор сохтани нерӯ нағзакак истироҳат кардану хӯроки хуб истеъмол карданатон лозим аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нафароне, ки маъшуқа доранд, сирашон фош гашта, боиси хирагии табъашон мегардад. Дар ҷойҳои серодам гаштанро маслиҳат намедиҳем. Дар ин рӯз қобилиятҳои ақлонии шуморо қадр намекунанд, аз ин рӯ, дар маҳфилу баромадҳо баромад карданатон бефоида аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз нерӯятон зиёд гашта, куҳро зада талқон кардан мехоҳед. Вақти бештари худро бо дӯстону шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Нимаи дуюми рӯз аз ҳама гунн робитаву вохӯрӣ дурӣ ҷуед. Саломатии нафароне, ки одати пурхурӣ доранд, нохуб гашта, эҳтимоли баландшавии фишори хун дар назар аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз дар оилаву коргоҳ муноқишаву низоъ имкон дорад. Бо нафароне, ки дӯсташон медоред, муносибати худро вайрон насозед, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Бо коре машғул шавед, ки аз уҳдааш хеле хуб мебароед. Корҳои ҷисмонӣ ба саломатиятон фоида мерасонад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Айни замон нерӯву қуввати зиёд пайдо карда, аз уҳдаи кори зиёде баромада метавонед. Барои шиносоиҳои нави ошиқона рӯзи созгор аст. Баъди нисфирӯзӣ табъатон нохуш гашта, эҳтимоли нохуб гаштани вазъи саломатиятон вуҷуд дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Агар дар касбу кор ба роҳи ҳиллаву найранг наравед, ба мушкиле дучор намегардед. Камтарин дурӯғ рӯзе рӯи об баромада боиси рехтани обрӯятон мегардад. Аз ин рӯ, фикри фардоро карда, қадами ноҷо нагузоред. Вақти бештари худро бо нафароне гузаронед, ки ҳамроҳашон худро хуб ҳис мекунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар касбу кор тағйироти куллӣ рух намедиҳад, вале худро аз доираи нафарони ҳиллагару моҷароангез дур гиред. Бо сабабҳои ночиз хафа нашаведу ба нафаре, ки дӯсташ медоред зарар нарасонед. Хоби дар ин рӯз дидаатон ба зудӣ амалӣ мегардад. Дар хоб дидани замбӯруғ маънои ҳомила будани занро дорад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз аксари далвҳо аз кору рафтори худ эҳсоси қаноатмандӣ намекунанд. Ба нафароне, ки аз шумо дасти кӯмак мехоҳанд, ҷавоби рад надиҳед, ба қадри имкон хайр карда, шумо дар оянда низ некӣ мебинед. Саломатиятонро ба табибони ғайрикасбӣ бовар накунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ҷодаи касбӣ ба ғалату камбудиҳо роҳ надиҳед. Бо ҳар нафар шинос шуданро маслиҳат намедиҳем. Воқеаҳои рӯзҳои гузашта ба обрӯву нуфузатон таъсири манфӣ мерасонад. Нафароне, ки  қаблан дар лаҳзаҳои душвор ба шумо дасти мадад мерасониданд, фаромӯш насозеду изҳори сипос намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *