Толибон 11 нафарро аз қавми ҳазора ба қатл расонданд

Дар вилояти Дойкунди   Афғонистон, гурӯҳи ҷазодиҳандаи иборат аз 300 ҷангии Толибон (созмоне, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) дар минтақаи Хизр амалиёти вижа анҷом дод ва дастикам 11 корманди собиқи Қувваҳои Амнияти Миллиро (ANSF), ки таслим шуда буданд, эъдом карданд. Дар ин бора Авфи Байналмилал дар як гузорише, ки  5 октябр нашр шуд, хабар медиҳад. Дар ин тирандозӣ сокинони маҳаллӣ низ захмӣ шудаанд. Аъзои ANSF кушташуда аз 26 то 46 сола буда, ҳамаи онҳо ҳазора буданд. Ин дуввумин куштори дастаҷамъонаи  ҳазораҳо аз ҷониби Толибон аст, ки аз ҷониби як созмони ҳуқуқи башар сабт шудааст. Қаблан, як ҳодисаи мушобеҳ дар моҳи июл дар вилояти Ғазнӣ рух дода буд .Илова бар Толибон, ҳазараҳои шиамазҳабро рақибони Толибон, исломгароёни Давлати Исломии Хуросон (шохаи ДИИШ, созмоне, ки дар Тоҷикистон  мамнӯъ аст) низ нест мекунанд. Агнес Калламард, дабири кулли Созмони Афви Байнулмилал, гуфт: «Ин қатлҳои хунсардона боз як далели онанд, ки Толибон ҳамон сиёсати  даҳшатбореро содир мекунанд, ки дар замони ҳукмронии қаблии онҳо дар Афғонистон ном бароварда буданд.» Қобили зикр аст, ки Толибон дар давоми панҷ соли ҳукмронии худ (1996-2001) поксозии мазҳабӣ ва қавмӣ анҷом дода, ҳазорон нафарро  дар вилоятҳои Балх ва Бомиён қатл карданд. Ҷиноятҳои Толибон дар Дойкундӣ бо куштор маҳдуд намешавад. Пас аз он ки Толибон вилоятро ишғол карданд, ҳазорон оила аз хонаҳои худ дар минтақаҳои Ғизоб ва Пато кӯчонида шуданд. Дар давоми якуним моҳи охир дар 10 шаҳрак то 20 ҳазор оила маҷбуран кӯчонида шуданд. Сокинони Дойкундӣ мегӯянд, вақте Толибон омаданд, онҳо гуфтанд, ки хонаводаҳои ҳазораҳо дар ин ҷо ғайриқонунӣ ба сар мебурданд ва акнун шӯрои  Толибон тасмим гирифтанд, ки ин замин «аз они мардум аст»на аз ҳазораҳо .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *