Толибон ба таҳқиқи ҳодисаҳои охир дар марз бо Тоҷикистон оғоз кардааст
Дар ин бора Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон*, зимни суханронӣ дар Кобул дар чорабиние бахшида ба 46-умин солгарди воридшавии қӯшунҳои шӯравӣ ба Афғонистон хабар додааст.
Дар муроҷиати худ ӯ бо изҳори нигаронӣ гуфтааст, ки “бархе нерӯҳои душманона” метавонанд барои вайрон кардани муносибатҳои кишварҳои ҳамсоя ва “эҷоди тасаввур дар бораи ноустувории амниятӣ” талош кунанд.
Муттақӣ аҳамияти ҳамкории минтақавӣ ва рушди иқтисодиро барои Афғонистон таъкид намуда, зикр кардааст, ки иқтисоди Афғонистон бо манфиатҳои иқтисодии кишварҳои ҳамсоя вобастагии зич дорад. Ӯ афзудааст, ки аллакай вазъиятро бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расидаанд, ки барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо дар оянда ҳамкорӣ кунанд.
Қаблан КДАМ-и Тоҷикистон дар бораи кӯшиши “ҳамлаи се террорист ба дидбонгоҳи марзӣ” хабар дода буд. Дар натиҷа ҳамлагарон безарар гардонда шуда, ду афсари марзбони тоҷик низ ҳалок гардиданд. Мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки Толибон* амнияти марзро таъмин накардаанд ва хостори пурзӯр кардани чораҳои амниятӣ шуданд.
Таъкид мешавад, ки дар як моҳи охир ба қаламрави Тоҷикистон се ҳамла аз ҳудуди Афғонистон ба қайд гирифта шудааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эълон шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ