Толибон дар Бадахшон поккории кадрӣ анҷом медиҳанд

Муовини вазири умури дохилии Афғонистон Муҳаммад Ҳасан Ҳошимӣ, ки ба вилояти шимолӣ омадааст, дар бораи азнавташкилдиҳии полиси маҳаллии ҷавобгӯ ба стандартҳои нав хабар дод.

Муҳимтар аз ҳама, ӯ ваъда дод, ки ба пардохти маош ба неруҳои қудратӣ, ки беш аз як сол боз интизори он буданд, оғоз хоҳад кард.

Аммо, бино ба гузориши расонаҳо, як нозукӣ вуҷуд дорад — бояд дар полис танҳо ҷангиёни Толибон бимонанд. Тавре гуфта мешавад, онҳое, ки дар «ҷиҳод» ширкат накардаанд, аз кор ронда мешаванд.

Ба гуфтаи волии вилояти Бадахшон, “чунин поксозӣ зарур аст, зеро афроди бадрафторе, ки «собиқадорони ҷиҳод» нестанд, ба сафи пулис ворид шудаанд”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.