Тоҷикистон кай ба низоми 12-солаи таҳсил мегузарад?

Низоми 12-солаи таҳсил аввал ба шакли пилотӣ дар 180 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ карда мешавад.

Ин нукта дар нишасти матбуотии Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода садо дод.

Раҳим Саидзода дар робита ба суоли хабарнигорон дар мавриди гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил, ки ахиран Президенти кишвар низ ба он ишора кард, гуфт, ки “дар ин самт корбарӣ идома дорад”.

“Пеш аз ҳама барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил шароит муҳайё кардан лозим аст”, – гуфт вазир ва ишора кард, ки айни замон вазорат дар ин хусус мониторинг мегузаронад.

“Бинобар ин, мо аввал дар 180 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ин низомро амалӣ хоҳем кард”,- таъкид  дошт вазир.

Аммо вазир дақиқ нагуфт,  ки кай низоми 12-солаи таҳсил ҷорӣ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *