Ҷашни Сада дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аксҳо)
29 январи соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию фарҳангӣ таҳти унвони «Сада – рамзи фарҳанги миллии тоҷикон» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо намоиши гулу буттаҳои ороишӣ, ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, дастархони идона, олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат ва ҳунарҳои мардумӣ дар саҳни донишгоҳ оғоз шуд. Меҳмонон ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо суннату арзишҳои ҷашни Сада аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон, дастовардҳои илмию таълимии устодони донишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуданд.









Дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҳамоиши илмӣ ва фарҳангӣ бо сухани ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин оғоз ёфт. Ректор таъкид кард, ки эҳёи ҷашни Сада бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба худ шаҳомати хосса бахшид ва ба густариши худшиносии миллӣ мусоидат намуд.
Дар давоми ҳамоиш профессори факултети филология Муҳриддин Низомӣ доир ба “Бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ”, дотсенти кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ Зарина Гулмирзоева доир ба “Сада ҷашни қадими таърихӣ” ва ассистенти кафедраи астраномия Ҳусейн Асоев оид ба “Таҷлили ҷашни Сада ва ҷанбаҳои илмии он” маърӯзаҳои илмию таърихӣ пешниҳод намуданд.
Ҳамоиши фарҳангӣ бо барномаи рангини ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ хотима ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ