Низом Мирзозода: Пеш аз хариди хона фаъолияти ширкатҳои сохтмониро санҷед!
Бо мақсади таъмини шаффофият, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва пешгирии ҳолатҳои фиребгарӣ дар майдонҳои сохтмонӣ ва шуъбаҳои фурӯши манзилҳои истиқоматии шаҳри Душанбе QR-кодҳои махсус ба роҳ монда шудаанд.
«Шаҳрвандон акнун пеш аз хариди манзил метавонанд тавассути ворид шудан ба QR-код бо фаъолияти ширкатҳои биносоз шинос шаванд. Дар низоми электронӣ тамоми маълумот дар бораи пудратчиён ва ширкатҳои сохтмонӣ ҷой дода шудааст. Ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки фаъолияти онҳоро муқоиса намуда, баъдан хона харанд», – иброз дошт Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои раиси кумита, агар номи ширкат дар рӯйхати «сиёҳ» қарор дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки дигар ба он ширкат набояд эътимод кард ва чунин ширкат дигар ҳаққи фурӯши иншоотро надорад.
Иброз гардид, ки шартномаҳои хариди манзил ҳатман бояд ба таври расмӣ дар дафтари асноди расмӣ (нотариус) ба қайд гирифта шаванд, зеро танҳо дар ин ҳолат онҳо қувваи ҳуқуқӣ мегиранд ва баҳсҳо метавонанд тавассути суд ҳал карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути QR-кодҳои махсус ба системаи электронии www.memor.pro ворид шуда, дар бораи сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна иттилои расмӣ гиранд. Он ба шаҳрвандон дар бораи мавҷуд будани қарори лоиҳакашӣ, мувофиқа шудани нақшаи кулли бино ва иншоот, доштани шиносномаи бино ва хулосаи экспертиза, мавҷуд будани қарори сохтмон ва гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонии ширкатҳо маълумот медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ