Тӯфони шадид манораро чаппа карду бомҳоро канда, 6 нафарро кушт

Тӯфони шадид Истанбул ва баъзе аз вилоятҳои шимолу ғарби Туркияро фаро гирифт. Суръати он дар бархе аз манотиқ то 130 километр дар як соат мерасид

Наворҳои даҳшатноке ки  дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба ин офати табиӣ паҳн шудаанд, нишон медиҳад, ки чӣ гуна манораи «Соат» –ро ин офат чаппагардолн мекунад. Ин офати табии  дар минтақаи Чаталҷаи Истанбул ба миён омад..

Туфон чунон сахт буд, ки  чи тавре наворҳои дигар нишон медиҳанд, шамоли сахт бомҳоро канда, дарахтонро аз бехаш решакан карда меафтонад. Навори дигар  нишон медиҳад, ки вазиши шамоли сахти даҳшатнок  як мошини боркашро чаппа мекунад.

Тибқи маълумоти ахир, шаш нафар қурбони ин офати табиӣ шудааст. Шумораи кушташудаҳо дар Истанбул чаҳор ва аз захмиҳо 38 нафар гуфта мешавад.

Дар музофоти Кочаэли як кас кушта ва 8 каси дигар захм бардоштааст. Дар вилояти Зонгулдак низ як нафар кушта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳаракати киштиҳо дар Босфор баста шуда, ҳавопаймоҳо барои фуруд ба Анкара ва Измир мераванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.