Дар Қазоқистон Рӯзи Президенти аввалинро ҷашн мегиранд

1-уми декабр дар Қазоқистон Рӯзи Президенти аввалинро ҷашн мегиранд. Ин рӯз ҷашни давлатӣ ба шумор меравад ва рӯзи истироҳатӣ аст.

Бино ба иттилои Kazpravda.kz асос барои ин рӯзро қабул кардан интихоботҳои мардумии 1-уми декабри соли 1991 гардидаанд, ки дар натиҷа Нурсултон Назарбоев бо дарёфти 98,7%-и овозҳо Президенти Қазоқистон интихоб шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти аввалинро аз соли 2012 оғоз карданд. Ин кор бо ташаббуси сенаторҳо, ки дар сатҳи қонунгузорӣ 10-уми декабри соли 2011 қабул гардида буд, амалӣ шуд. Тавре ташаббускорон изҳор медоранд, ин ҷашн бо мақсади эътирофу эҳтироми хизматҳои арзандаи Президенти аввалини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои давлат таъсис дода шудааст.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ филми дар асоси мусоҳибаи Президенти аввалини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо коргардони амрикоӣ Оливер Стоун наворбардоришудаи “QAZAQ: Таърихи инсони тиллоӣ”-ро  намоиш хоҳанд дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *