Туркманистон: Норасоии ғизо дар хонаи куҳансолон

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар хонаи куҳансолон камбуди ғизо мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи яке аз пирсолони хонаи мазкур, кормандони хонаи куҳансолон дар шаҳри Ишқобод куҳансолонро нигоҳубини дуруст намекунанд.

Пирсолоне, ки дар хонаи куҳансолон ҷой дода мешаванд, аз нафақапӯлӣ маҳрум мегарданд ва нафақаашон ба ҳисоби ин муассиса интиқол дода мешавад. Ҳамзамон амволи ғайри манқули чунин пиронсолон ба ҳисоби давлат гузаронида мешавад.

«Агар гармии ин муассисаро сарфи назар кунем, дигар шароиташ душвор аст, гурусна мемонем. Ғизоро ба таври кофӣ намедиҳанд. Агар гоҳ-гоҳе аз чашми кормандон пинҳонӣ имкони аз муассиса берун рафтан пайдо шавад, дар кӯчаҳо гадоӣ мекунем», — гуфт яке аз тарбиятгирандагони хонаи куҳансолон.

Ба гуфтаи ин манбаъ, гоҳо одамони саховатманд барои онҳо ғизо меоранд ва гоҳи дигар роҳбарияти хонаи пиронсолон дастархони пур аз ғизо тартиб медиҳад ва аз телевизион даъват мекунад, ки муассисаро навор гиранд. «Аммо дар ҳақиқат вазъи мо дигар аст. Он ҷо наравед, ин ҷо нашинед, утоқҳоро ифлос накунед. Огоҳ мекунанд, ки вақти навор бардоштани телевизон рӯи дастархонро холӣ накунем. Ин зиндагии ҳаррӯзаи мо шудааст», — гуфт манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *