Тӯфони чангу ғубор Тоҷикистонро пахш мекунад
Давоми се рӯзи оянда дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳавои номусоид ва чангу ғубор пешгӯйӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ яъне чанг, дар назар аст. Дар ҳамин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба одамони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафаси бронхиалӣ тавсия медиҳад, ки ҳавои хонаро тоза нигоҳ дошта, саломатии худро эмин нигоҳ доранд. Ба шахсони гирифтори бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия бошад, тавсия дода мешавад ки давоми муддате берун аз биноҳои истиқоматӣ бароянд. Инчунин дар чунин ҳаво пӯшидани ниқобҳои тиббӣ низ ҳатмӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ