Устод Меҳмон Бахтиро дар Лучоб ба хок месупоранд (аудио)

Маросими видоъ  бо шоир ва нависандаи маъруфи кишвар устод Меҳмон Бахтӣ дар назди манзилаш, маъруф ба  «Хонаи адибон»,  паҳлуи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мешавад.

 Тавре ки аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ба Pressa.tj  иттилоъ доданд, баъди маросими видоъ ҷанозаи устод соати 13:00 дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ баргузор гардида, сипас дар мазори Лучоб ба хок супорида мешавад.

Ҳамчунин, таҷлили 90-солагии солҷашни устод Муъмин Қаноат, ки мебоист имрӯз, 20-уми май барпо мешуд, ба вақти дигар гузаронида мешавад.

Меҳмон Бахтӣ 25-уми марти соли 1945 дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав низ таҳсил кардааст.

Меҳмон Бахтӣ муаллифи қиссаҳои «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988) ва маҷмӯаи намоишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1972), китоби шеърҳои «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои «Руҳи тавоно» (1987), маҷмӯаи намоишномаҳои «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» (1980), китоби қиссаву ҳикояҳои «Оҳи сабук» (1987), маҷмӯаи «Пйесаҳо» (1982), гулчини қиссаву намоишномаҳои «Манзари қисмат» (2003), достони «Бозтоби Офтоб» (2006), маҷмӯаи «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ) «Оҳанги хаёл» (2011) мебошад.

Меҳмон Бахтӣ ҳамчун шоири суруднавис ҳам дар миёни ҳаводорони таронаҳои лирикӣ шуҳрат дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.