Устодони ДБЗХТ китоби Пешвои миллатро ба чор забони хориҷӣ тарҷума карданд

Устодони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷилди аввали китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро ба чор забони хориҷӣ тарҷума карданд.

Дар ин бора имрӯз, 30 июл зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода иттилоъ дода, зикр кард, ки тарҷумаи китоб ба забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, куриёӣ ва фаронсавӣ ба поён расида, ҳоло марҳилаи таҳрир ва баррасии илмии он бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ идома дорад.

«Боиси ифтихор аст, ки устодони донишгоҳи мо шоҳасари Пешвои муаззами миллатро ба чор забони хориҷӣ тарҷума намуданд. Ин китоб арзиши баланд дошта, на танҳо дар бораи забони тоҷикӣ, балки таърих ва фарҳанги миллати моро низ бозгӯ мекунад. Бовар дорем, ки хонандагони хориҷӣ тавассути мутолиаи ин китоб бо фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик бештар шинос мешаванд», – гуфт Жило Гулназарзода.

Ба гуфтаи масъулин, ин иқдом ба ҳадафи таҳкими нуфузи байналмилалии забони тоҷикӣ ва муаррифии таъриху арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *