Ҷустуҷӯи таксирони тоҷик барои куштори русдухтар

Пулис шаҳри Маскав як таксирони тоҷикро бо иттиҳоми куштор таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Ҷасади муштарии вай Елена Лейниетсе, ки шаби 19 март ғайб зад, то ҳол ёфт нашудааст.

Шабакаи телевизионии «Лайф”, ки ба мақомоти интизомии Русия наздик аст, рӯзи 11 апрел аз қавли манобеаш хабар дод, ки пулиси Маскав як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми куштор ҷустуҷӯ мекунад.

Ин ҷавони тоҷик, ки тавассути хадамоти «Яндекс Такси” дар пойтахти Русия такси мезад, баъди ба суроғаш омадани кормандони бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ фирор кардааст.

Ҷустуҷӯи ин таксирони тоҷик дар робита ба парвандаи Елена Лайниетсе, ки шаби 19 март ғайб зад ва то имрӯз аз зинда ё мурда будани ӯ дараке нест, сурат мегирад. Пулис дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми куштор парванда кушодааст ва бар ин аст, ки ӯро таксирони тоҷик куштааст.

Ба гуфтаи манобеи «Лайф”, Елена Лайниетсе шаби 19 март баъди баромадан аз як клуби шабона дар гулгашти Чистопрудний ба мошини тамғаи «Митсубиси Лансер” нишаста, бо ҳамин бедарак шудааст.

Мошинро баъди чанде пайдо карданд, вале дар пушти чанбари фармонаш падари он таксирон нишаста буд. Пулис дар курсии қафои мошин аломатҳои хуни инсонро кашф кардааст ва ин фарзияи кушта шудани Елена Лайниетсеро тақвият медиҳад.

Зодаи Тоҷикистон, ки ҳоло ба куштор айбдор мешавад, дар яке аз корхонаҳои таксии шаҳри Маскав кор мекард ва ҳамчунин аз тариқи хадамоти «Яндекс Такси” муштарӣ мегирифт.

Бар асоси таҳқиқот, ин духтар таксиро на аз тариқи хадамоти «Яндек Такси”, балки аз роҳ киро кардааст. Вале дар он шаби 19 март ба куҷо рафтани таксии «Митсубиси Лансер”-ро бо кумаки «Яндекс Такси” муайян кардаанд, чунки ронандаи тоҷик он шаб аз барномаи харитаҳои «Яндекс” истифода бурдааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *