корд

Ваҳдат: Наврас тағояшро корд зад

Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки навраси 15-солае тағои 49-солаашро бо корд задааст. Ҳодиса 10-уми марти соли 2023 дар шаҳри Ваҳдат рух додааст.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки гумонбар «дар аснои ҷанҷол тағояш, марди 49-солаи сокини ҳамон шаҳрро бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба қисмати шикамаш задааст». Вале назари худи наврас ва ё наздикони ӯ маълум нест.

Гуфта мешавад, ки ҷабрдида дар натиҷа ҷароҳатҳои вазнин ба саломатияш расидааст.

Моро пайгири намоед дар Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.