ярмарка

Ярмаркаи маҳсулоти арзон пеш аз Наврӯз

Дар шаҳри Душанбе пеш аз ҷашни Наврӯз ярмаркаи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон ташкил карда мешавад.

Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Душанбе, кори ярмаркаҳо аз 16-уми март оғоз гардида, то 20-уми март идома меёбад. Ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат”, назди бинои МИҲД-и ноҳияи Сино (Қарияи Боло) ва боғи “Куруши Кабир” ташкил карда мешаванд.

Сокинон имкон доранд, ки дар ин ярмаркаҳо бо нархҳои нисбатан арзонтар аз бозор гӯшту орд, равған, шакар, сабзавот ва дигар анвои хӯрданӣ дастрас менамоянд.

Инчунин, дар пойтахт чун анъана 15 ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла дар бозорҳои “Деҳқон”, “Яккачинор”, маҳаллаи Испечак-2 (назди масҷиди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), маҳаллаи 104-ум, дар кӯчаи Маяковскийи маҳаллаи 32-юм амал мекунанд. Нархҳо дар ин ярмаркаҳо нисбатан арзону дастрасанд. Аз ҷумла, дар ин ҷо 1 халта орд 265 сомонӣ, 1 кило картошка 3,8 сомонӣ, 1 кило пиёз 4 — 6  сомонӣ, 1 кило сабзӣ 2 сомонӣ, 1 кило гӯшти гов 55 сомонӣ, 5 литр равғани растанӣ 90 сомонӣ, 1 кило шакар  8 — 9 сомонӣ нарх доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *