Ваксинатсия дар Тоҷикистон (видео)

Кай оғоз мешавад? Кадом ваксин,  кай  ва бо кадом миқдор меояд? Аз куҷо меояд? Киҳо ваксинизатсия мешаванд?… Дар суҳбати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Шариф Ҳамдампур  — сармуҳаррири  ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Хабари ба Тоҷикистон омадани ваксинаи коронавирус бори аввал дар суҳбати  Ҷамолиддин Абдуллозода садо дод. Ӯ изҳор намуд, ки воқеан Тоҷикистон кайҳост пайи дарёфт ва ваксинатсияи аҳолии кишвар талош дорад. Бурдани гуфтушунид бо донорҳо ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд вақт ва бурдборӣ мехост ва хушбахтона он натиҷаи хуб дод.

Вазир гуфт, ки вируси тамғаи SARS-CoV-2  аз сарҳади Британияи Кабир гузашта, тамоми Аврупоро фаро гирифтааст. Ба саволи “Эҳтимоли ба Тоҷикистон омадани он вуҷуд дорад ё не ва роҳҳои пешгирии он кадом аст?” ӯ гуфт, ки вуҷуд дорад ва як роҳи пешгирии он ваксинизатсияи тамоми аҳолӣ мебошад. Ба саволҳои “Ваксинатсия кай оғоз мешавад? Ваксин аз куҷо меояд? Ба кадом миқдор меояд? Кай  меояд?” ӯ чунин посух дод.

Матни видеоии пурраи суҳбат бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозодаро рӯзи душанбе 1.02.2021 дар ютуб-канали Pressa.tj тамошо кунед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.