трактор

Ванҷ: Ду зан зери чархи трактор ҷон додаанд

Ду зан — сокинони ноҳияи Ванҷ зери трактор монда, ҳалок шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад. Ҳодиса санаи 27-уми феврали соли 2023 рух додааст.

Ба иттилои ин ниҳод “ронандаи “Трактор” Бачамардов Чупон Кишварович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Ванҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Техарв аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Аловакова Ҳалима, соли таваллудаш 1958 ва Муминова Ҳанона Зайналовна, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи мазкурро, ки дар канори роҳ аз қафои нақлиёт меистоданд, пахш менамояд”.

Аммо маълум нест, ки ҳалокшудагон дар чӣ вазъият ҷон додаанд.

Вазорат оид ба ин ҳодиса таҳқиқот мебарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *