Варзишгари мисрӣ барои салом накардан бо варзишгари Исроил аз Рио ронда шуд!

  Дзюдоисти мисри Ислом Ал-Шаҳобӣ аз бозиҳои олимпии Рио-де Женейро барои ба арзи салом даст надоданаш ба рақиби худ аз Исроил- Ору Сассон аз ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои олимпӣ маҳрум гарадида, ба ватанаш «ронда» шуд.

Чунончӣ ТАСС хабар медиҳад, санаи 12- уми август ҳангоми рӯ бар рӯ шудани Ал- Шаҳоб бо ҳамтои исроилияш даст ибо арзи салом дарозкардаи Сассонро бо қавоқи гирифта «пешвоз» гирифта, дар ҷавоби саломи ӯ бо арзи алайк дасташро дароз накарда, аснои бозӣ низ чанд маротиба «дасти дар хуни бегуноҳон тар шудаатро ба тани ман нарасон» гӯён ба ҷои сабқат кӯшиши аз худ дурр намудани дастони Ору Соссонро намуда, ба ҳар восита мехостааст, кия гон ҷойи баданаш ба ҳамтои исроилияш нарасад. Ин буд, ки новобаста аз мағлуб нашуданаш Ислом- ал- Шаҳобиро доварон барои тафриқаандозӣ байни варзишгарон дар даври аввал мағлуб дониста, барои сабқат дар даврҳои навбати иҷоза надода, худи ҳамон рӯз ба ватанаш интиқол додаанд.

Тавре, ки Кумитаи байналмиллалии Олимпӣ хабар медиҳад, тасмими  ба Миср интиқол додани Ал Шаҳобӣ на аз сӯйи онҳо балки аз сӯйи кумитаи олимпии Миср роҳандозӣ гардидааст.

Аммо бархе аз манбаҳо аз ҷониби Миср, ки бо Ал- Шаҳобӣ дар Рио ҳамнишин шудаанд, ба хабарнигорон гуфтаанд, ки агар Исломро ба Миср равона намекарданд мумкин буд, ки мавсуф дар даври дуюм Ору Соссунро ба қатл расонад, зеро аз рӯзи авали маълум гардидани сабқаташ бо варзишгари Исроил Ислом дар ғазаб буда, қасам мехӯрдааст, ки ҳеҷ гоҳ бо қотилони одамони бегуноҳи Фаластин дар сабқат нашуда, ариза менависад, ки рақибашро иваз кунанд, дар акси ҳол «қотил»- и мусалмонони бегуноҳро бо дастони худаш хоҳад кушт.

Мавриди зикр аст, ки ин аввалин ҳодиса дар таърихи бозиҳои варзишӣ нест, ки варзишгарон аз пазироӣ бо варзишгарони Исроил сарпечӣ намуда бошанд. Аз ин пештар, соли 2009 футболбози машҳур Роналду аз «салом» бо футболбозони исроилӣ даст кашида, ҳатто аз иваз кардани либосаш бо варзишгарони исроилӣ даст кашида гуфта буд, ки « Ман либоси қотилро ба бар намекунам ва либосамро ҳам ба қотилони кӯдакони бегуноҳ намедиҳам».

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

-->

Ба боло