Вазири нақлиёти Тоҷикистон худкушӣ кардан хост

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон қасди худкушӣ кардааст ва ҳоло дар бемористон бистарист.

Тавре Прокуратуаи генералӣ хабар медиҳад, имрӯз 11 августи соли 2020, тахминан соати 5 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Худоёрзода Худоёр, соли таваллудаш 1958 дар заминаи муноқишаи оилавии бавуҷудомада дар хонаи истиқоматии худ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, бинои 67/4, ҳуҷраи 23 бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст. Ҳамсари Худоёрзода Х. — Қаландарова А., писараш Худоёров Некрӯз, духтараш Худоёрова Зайнура, келинаш Суфишоева Гулнисо ва дигар аъзои оилаи у, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба у кумаки аввалиндараҷа расониданд.

Айни ҳол Худоёрзода Х. дар беморхонаи муассисаи давлатии Маҷмаии тандурустии Истиқлоли шаҳри Душанбе пас аз ҷарроҳӣ дар ҳолати муътадил таҳти назорати духтурон қарор дорад.” Худоёрзода, ки 61 сол дорад, аз 23 январи соли 2017 вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *