Вазорати тандурустӣ овозаи «табибони ношинос»-ро рад кард
Вазорати тандурустии Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди гӯё хона ба хона гаштани «як гурӯҳ табибони ношинос» ва паҳн кардани бемории хавфнокро беасос хонд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои охир дар паёмрасони WhatsApp сабти овози зане бо шахсияти номаълум паҳн мешавад, ки дар он аз фаъолияти як гурӯҳи табибони гӯё номаълум ва паҳншавии бемории сироятӣ дар кишвар ҳарф мезанад.
Дар ин сабти овозӣ иддао мешавад, ки гӯё гурӯҳе бо либосу лавозимоти тиббӣ худро табиб муаррифӣ карда, бо баҳонаи санҷиши вазъи саломатии шаҳрвандон хона ба хона гашта, беморӣ паҳн мекардаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар баъзе вилоятҳои кишвар ҳолати изтирорӣ эълон шудааст.
Вазорати тандурустӣ ин иддаоҳоро рад намуда, таъкид кардааст, ки дар кишвар ҳеҷ гуна гурӯҳи номаълум бо чунин фаъолият вуҷуд надорад ва маълумоти паҳншуда дурӯғ ва иғвоангез мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ