Афзоиши ҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Соли 2025 дар Тоҷикистон 23 ҳазору 452 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли 2024-ум (22314 ҷиноят) 1 ҳазору 138 ҳолат бештар мебошад. Ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ афзоиш ёфтаанд.

Тибқи иттилои Зафар Самад, директори Агентии мубориза бо маводи мухаддири кишвар, ки имрӯз, 2 феврал дар нишасти матбуотӣ садо дод, соли гузашта 1 ҳазору 3 ҷиноят ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор рост меояд. Ин шумора 4 фоизи ҳамаи ҷиноятҳои содиршуда-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 164 ҳолат бештар мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2025 мақомот 5 тоннаву 280 килограмм маводи нашъадор мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 898 килограмму 835 грамм ё 21 фоиз зиёд аст.

Ҳамчунин, ҳаҷми мусодираи моддаҳои психотропӣ ба таври назаррас афзудааст. Дар соли гузашта 253 килограмму 417 грамм чунин мавод дарёфт ва мусодира гардидааст, ки нисбат ба соли 2024 тақрибан 2 маротиба бештар мебошад.

Аз миқдори умумии моддаҳои психотропии мусодирашуда, 247 килограмм ё 97 фоиз-ро метамфетамин ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба соли 2024 2,3 маротиба ё 141 килограмм бештар будааст.

Мақомот афзоиши қочоқ ва паҳншавии маводи мухаддирро яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷомеа арзёбӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *