ДБССТ бо NCUK созишнома имзо кард

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Консорсиуми донишгоҳҳои Британияи Кабир (NCUK) созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Дар ин бора ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло зимни нишасти матбуотӣ, ки 2 феврал баргузор шуд, хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Консорсиуми NCUK зиёда аз 70 донишгоҳи пешрафтаи Британияи Кабир ва дигар кишварҳои ҷаҳон, инчунин 110 маркази омӯзиширо аз 35 кишвари дунё муттаҳид менамояд. Ин ҳамкорӣ имкониятҳои нави таълимӣ ва академиро барои донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ фароҳам меорад.

Ҳамзамон, донишгоҳ барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва ниҳодӣ ба Агентии таъмини сифати таҳсилоти олии Британияи Кабир (QAA) дархост пешниҳод намудааст. Тибқи нақша, раванди аккредитатсия дар соли 2026 анҷом дода мешавад.

Зикр гардид, ки соли 2025 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон узви Ассотсиатсияи рушди устувори сайёҳии байналмилалӣ гардид, ки 42 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад.

Яке аз дастовардҳои муҳими соли 2025 арзёбии мусбати лоиҳаи «Рушди сайёҳии ҳушманд ва таҳсилот дар соҳаи соҳибкорӣ» ба шумор меравад. Дар доираи ин лоиҳа Миссияи Бонки Исломии Рушд ба донишгоҳ ташриф оварда, сатҳи омодагии лоиҳаро баланд арзёбӣ намуд. Дар натиҷа, барои маблағгузории он 18,2 миллион доллар созишнома ба имзо расид. Татбиқи лоиҳа дар нимаи дуюми моҳи феврали соли 2026 оғоз меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *