Дар ноҳияи Фирдавсӣ муноқишаи гурӯҳӣ байни ноболиғон пешгирӣ шуд
Зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғони ШВКД-1 дар ноҳияи мазкур муноқишаи гурӯҳӣ дар байни ноболиғон саривақт ошкор ва пешгирӣ карда шудааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо дахолати фаврии кормандони милитсия аз ҳар ду ҷониб беш аз 16 нафар ноболиғон дастгир карда шуда, зимни санҷиш аз дасти яке аз онҳо як адад корд дарёфту мусодира гардидааст.
Дар баробари баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ноболиғон, ҳамзамон нисбати волидайни онҳо мутобиқи талаботи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ