Вазорати тандурустӣ: Содироти 27,14 миллион сомонӣ дору ба хориҷа
Корхонаҳои дорубарории Тоҷикистон дар соли 2025 бо маблағи 27,14 миллион сомонӣ дору ва моддаҳои фаъоли биологиро ба хориҷа содир кардаанд.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, ин нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 4,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Таъкид шудааст, ки ҳоло дар кишвар 71 ширкати фарматсефтӣ истеҳсоли 634 намуд дору ва молҳои тиббӣ, ки дар умум 377 номгӯйро ташкил медиҳад, ба роҳ мондаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар соли 2025 зиёда аз 106,5 миллион ададро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5 млн адад зиёд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ