ВКД: Дар Хоруғ як нафар фавтидаву 3 афсари пулис захмӣ шудаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳалокати як сокини шаҳри Хоруғ дар нооромиҳои рӯзи гузашта дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро тасдиқ кард.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон субҳи имрӯз бо пахши баёнияе иттилоъ дод, ки “16-уми майи соли ҷорӣ соати 18:30 дақиқа саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Мамадшоева Улфатхоним Масумовна ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Шерзамонов Алим, дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ, бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуданд”.

— Соатҳои 20:40 дақиқаи ҳамин рӯз бо супориши Мамадбоқиров Мамадбоқир як гуруҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии Назришоев Замир Маҳтобшоевич, соли таваллудаш 1993, сокини маҳаллаи Ш. Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, ба хизматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро таркониданд. Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии номбурдагон муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Қамишев Шуҳрат Абдуҷабборович ва командири взводи таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД лейтенанти калон Файзуллозода Абубакр ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд. Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона Назришоев З. М. захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид,- омадааст дар баёния.

Гуфта мешавад, ки дар рафти амалиётҳо маводҳои махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шудааст.

— Барои муайян кардани дигар аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона иштирок карданд, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд. Нисбати саркардагони ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *