ВКД: Садама ҷони се нафарро аз як оила рабуд


Санаи 8-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Зикриллоев Баҳром Тағойхонович, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба тарафи шаҳри Ваҳдат дар километри 25-уми шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Прадо», таҳти идораи ронанда Маҳсиддинзода Аваз Амирхон, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Неъматободи ноҳияи Ҳамадонӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Зикриллоев Б.Т. ва мусофиронаш хурдсолон: Зикриллоева Нигина Шӯҳратовна, соли таваллудаш 2018, Зикриллоев Азамат Саидҷафарович, соли таваллудаш 2016, сокинони ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

8-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:10-дақиқа, ронандаи скутери тамғаи «Дайлим», Хайбаров Саидҷон Икромович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба микроавтобуси тамғаи «Мерседес-Бенс-212», таҳти идораи ронанда Раҳматов Ҷасурбек Давронқулович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Хайбаров С.И. аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *