ВКД: Садама 5 ҳалок ва 9 захмӣ ба ҷой гузошт

Баъд аз пешини рӯзи 8 апрел мошини тамғаи “Урал-43202” дар ҳудуди деҳаи Дошмандии ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба садама дучор шудааст.

Баъд аз пешини рӯзи 8 апрел мошини тамғаи “Урал-43202” дар ҳудуди деҳаи Дошмандии ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  ба садама дучор шудааст.

Бино ба хабари ВКД, ронанда Шарофиддини Шовалӣ ҳангоми ҳаракат ба самти теппа аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада ва ин воситаи нақлиётро чаппа кардааст.

“Дар натиҷа, мусофирони дар бордони автомашина буда, Саъдиев Зариф, соли таваллудаш 1950, Ҳафизов Эмомалӣ, соли таваллудаш 1958, Воҳидова Шаъмигул, соли таваллудаш 1956, сокинони деҳаи Шаҳидон, Неъматов Мирзохон, соли таваллудаш 1952 ва Назаров Муродалӣ, соли таваллудаш 1952, сокинони деҳаи Зоғон, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”-омадааст дар хабар.

Ҳамчунин, 9 нафар бо шумули як ноболиғ, Оишамоҳи Ҷумъахони 5-сола ҷароҳати мухталифи ҷисмонӣ бардошта ва дар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Саъдӣ Маҳдӣ навиштааст, ки аз ҷумлаи афроди ҳалокшуда 3 нафар сокини деҳаи Шаҳидон ва ду нафар сокии деҳаи Боғи Зоғон будаанд.

Саъдӣ Маҳдӣ шумори захмиёнро 11 нафар гуфтааст.

Вай навиштааст: “Зариф Саъдиев дар ин садама ҷон супурданд. Ҳамоне, ки роҳбалади мо буданд, ҳамоне, ки дар ҳар деҳа хона доранд, яъне фарзандони зиёд доранд, ҳамаи онҳоро хононда соҳиби ҷои кор карданд. Солҳо раиси колхоз буданд, яке аз ташкилкунандагони ҷамоати Сари Хосор буданд. Худо раҳмату мағфираташон кунад!”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *