ВКХ-и Эрон: Мо барои дифоъ аз худ беҳтар аз ҳар вақти дигар омодаем
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ зимни нишасти матбуотӣ эҳтимоли бархӯрди низомӣ бо Исроил ва дурнамои музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро шарҳ дод.
Бақоӣ дар посух ба суолҳо дар бораи зарбаи эҳтимолии пешгирикунанда алайҳи Исроил ва нақши дипломатия дар ҷилавгирӣ аз ҷанги густарда изҳор дошт, ки Эрон дорои тамоми захираҳои зарурӣ барои таъмини амнияти худ мебошад.
Ӯ таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз нисбат ба гузашта барои муқобила бо ҳар гуна таҳдидҳо хеле беҳтар омода аст.
«Мо дорои иқтидори бузурги дифоъӣ ҳастем ва имрӯз барои рӯ ба рӯ шудан бо чолишҳо беҳтар аз ҳар вақти дигар омодаем. Ҳифзи шараф, истиқлолияти миллӣ ва тамомияти арзии Эрон вазифа ва ӯҳдадории муқаддаси мост», — гуфт сухангӯи ВКХ-и Эрон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ