Зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд

Соли 2025 аз ҷониби мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати  Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ 26 ҳазору 651 килограмм маҳсулоти гӯштӣ бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи байторию беҳдоштӣ аз муомилот гирифта, нобуд карда шуд.

Доир ба ин ҳолатҳо нисбат ба қонуншиканон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ иттилоъ дода шуд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 1 миллиону 309 ҳазору 977 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 26 ҳазору 651 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 8 ҳазору 507 килограмм маҳсулоти ширӣ, 722 литр равғани растанӣ, 20 ҳазору 374 дона тухми паранда, 482 килограмм моҳӣ, 364 килограмм асал, 4 ҳазору 145 килограмм маҳсулоти намакин, 4 ҳазору 762 маҳсулоти хушк, 122 ҳазору 966 килограмм меваю сабзавот ва 12 ҳазору 311 маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз фурӯш боздошта ва нобуд карда шуд.

«Дар самти назорати зотпарварӣ оид ба ҳифзу нигаҳдошт ва такмилдиҳии фондҳои ирсии намуд ва зотҳои чорвои дар қаламрави ҷумҳурӣ парваришёбанда корҳои назорати зотпарварӣ идома ёфтанд. Ҳамзамон риояи талаботи қоидаҳои зотпарварӣ дар 80 субъекти хоҷагидории зотпарварии фаъолияткунанда ва дигар хоҷагиҳои чорводорӣ, новобаста аз шакли моликият таҳти назорат қарор дорад», -гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *