Вохӯрии Қоҳир Расулзода бо мақомдорон ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи Чин

20 сентябри соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Урумчии Ноҳияи мухтори Синзян- Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар расми ифтитоҳи Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии «ЭКСПО Чин-Аврупою Осиё» иштирок ва суханронӣ намуд.
Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии «ЭКСПО Чин-Аврупою Осиё» дар Маркази байналмилалии намоишҳои Синзян оғоз гардида то 25-уми сентябри соли равон идома меёбад.
Дар намоишгоҳ, ки таҳти шиори «Баррасӣ, таъсис ва истифодаи муштарак; Роҳи бузурги абрешим-Имкониятҳо ва оянда» доир мегардад, дастовардҳои бахшҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои доираи иштирокчии намоиш ба маъраз гузошта шудааст.
Зимни суханронии худ Сарвазири мамлакат дар расми кушодашавии чорабинии муҳими байналмилалӣ ба ташкилкунандагони он ва барои даъвати ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ин намоишгоҳ изҳори сипосу минатдорӣ намуда, баргузории Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии «ЭКСПО Чин-Аврупою Осиё»-ро майдони фарохи баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷабҳаи кишварҳои доираи Осиё ва Аврупо бо Ҷумҳурии мардумии Чин арзёбӣ кард.
Сарвазири мамлакат аз талошҳои роҳбарияти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушду тавсеаи ҳамкории гуногунҷабҳаи кишвари мо бо давлатҳои саргаҳ ва атрофи Роҳи абрешим ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда ба раванди шарикӣ, ҳамсоягии нек, таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои гуманитарӣ мусоидати фаъол хоҳанд намуд.
Ба таъкиди Сарвазири мамлакат ташаббуси таъсиси ҳалқаи иқтисодӣ дар доираи Роҳи бузурги абрешим, ки аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин амалӣ мегардад, ҷавобгўйи манфиатҳои ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо ин кишвари бузург робитаю ҳамкории судманд доранд .
Дар кори Намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамчунин намояндагони баландмақом ва коршиносону мутахассисони варзидаи дигар кишварҳои минтақа сухан карда, доир ба роҳҳои манфиатбори рушди ҳамкорӣ дар шароити мавҷудияти буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мулоҳизаҳои ҷолиб баён доштанд.
Дар доираи кори Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии «ЭКСПО Чин-Аврупою Осиё» Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар ифтитоҳи Форуми байналмилалӣ оид ба технологияҳои муосир, ки дар Идораи Ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард. Қоҳир Расулзода аз иштирокчиёни ин чорабинии дар шароити кунунӣ муҳим барои роҳандозӣ намудани иқдому ташаббусҳои наву манфиатбор дар роҳи рушду тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда, таъкид намуд, ки дар партави сиёсати хориҷии дарҳои боз, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, имрўз дар Тоҷикистон шароиту имконоти созгор ва фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар шаҳри Урумчӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси мардумии намояндагони Ҷумҳурии мардумии Чин Эркин Имирбакӣ, ноиби Раиси Ноҳияи мухтори Синзян- Уйғур Эркин Тунясун ва роҳбарияти Ширкати саноати кўҳии «Тсзитсзин майнинг ЛТД», Корпоратсияи Синзян Ҷунтай ва Ширкати байналмилалии саноатию кўҳии «Чайна Глобал» суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом дод. Дар ин дидору вохӯриҳо масоили иҷрои тавофуқоти байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва маорифу фарҳанг, ҳамзамон таҳкими фаъолияти корхонаҳои муштараки саноати кўҳию маъдантозакунӣ ва татбиқи муваффақи шартномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати нассоҷӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар ин сафар аз идораи марказии Ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии мардумии Чин, аз ҷумла Идораи Ширкати «ТВЕА», ки бо ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ҳамкории манфиатбор дорад, дидан карда, бо намунаи дастовардҳои ин ширкат дар солҳои охир шинос шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.