Воридоти мошин ба Тоҷикистон зиёд шуд
Соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи 684,9 миллион доллар, 63 961 мошини сабукрав ворид шудааст.
Ба иттилои Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ин рақам назар ба соли 2024 16 667 адад бештар мебошад.
Дар соли 2024 бошад, ба кишвар 47 294 мошини сабукрав ворид шуда буд.
Хуршед Каримзода таъкид кард, ки вақте қоидаҳои нобудсозии мошинҳо ҷорӣ шуданд, бисёриҳо гумон доштанд, воридоти мошин ба Тоҷикистон кам мешавад. Аммо соли 2025 танҳо мошинҳои сабукрав назар ба соли 2024 бештар ворид гардиданд, ки афзоиши талабот ва воридоти мошинҳоро нишон медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ