Вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия осон мешавад

Аз 14 июн Русия тамоми маҳдудиятҳои COVID-19 –ро барои вуруди хориҷиён тавассути ҳавопаймо лағв мекунад.

Дар ин бора агентии иттилоотии “ТАСС” хабар додааст. Таъкид мешавад, ки дар ин бора рӯзи ҷумъа,  дар ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо сирояти коронавирус ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд.

«Аъзои ситоди таъҷилӣ дар натиҷаи муҳокима ба  қарор омаданд, ки аз 14 июни соли 2022 маҳдудиятҳои эпидемиологӣ барои вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки тавассути ҳаво ва инчунин тариқи гузаргоҳҳои баҳрӣ вориди Русия мешаванд, лағв карда шаванд», — омадааст дар хабар.

Илова бар ин, ситоди фаврӣ тасмим гирифт, ки аз 14 июн алоқаи роҳи оҳанро дар хатсайрҳои Тошканд — Самара ва Тошканд — Волгоград ҳафтае як маротиба дар ҳар як масир барқарор кунад. Маҳдудиятҳо барои вуруди шаҳрвандон Ӯзбекистон ба Русия тавассути роҳи оҳан лағв мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.