Wildberries дар Хуҷанд низ кушода шуд
Дар Хуҷанд мағозаи интернетии Wildberries расман кушода шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии маъмурияти вилояти Суғд хабар дод.
Бояд гуфт, ин дуюмин шаҳр дар Тоҷикистон аст, ки дар он нуқтаи маркетплейси маъмули Русия кушода шуд.
Нуқтаи мағозаи интернетии Wildberries дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 138 (дар муқобили гимназияи рақами 4) дар маркази Суғд ҷойгир аст.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини шаҳрдори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода иштирок кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин сатҳи нави ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар муҳити рақобатпазири ҷаҳонӣ инъикос намуда, ба баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя мусоидат хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ