Ярмакаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар Суғд

29- уми декабр дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал доир гардид.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ дар ин намоишгоҳ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинон гӯшт, макарон, орд, равған, шакар, меваю сабзавот, полезиҳо, нон ва маҳсулоти ширию гӯштӣ, инчунин обу афшураҳо пешниҳод гардидааст.

Ба гуфтаи мақомот ин тадбирро барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти босифату дастрас ва ғанӣ гардонидани дастархони мардум равона карда шудааст.

Иттилоъ дода шудааст, ки “дар ёздаҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд 709 678,5 тонна сабзавот ва 269 906,5 ҳазор тонна мевагӣ истеҳсол гардидааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *