Зафаробод: Дар чоҳ ду нафар фавтида, як нафар беҳуш шудааст (аудио)

Ду нафар дар ноҳияи Зафаробод бар асари заҳролуд шудан бо гази оксиди карбон ба ҳалокат расидаву як нафар дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шудааст.

Бино ба гузориши навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар системаи қубурҳои интиқоли оби ташнобҳо садама рух додааст ва ин се нафар барои бартараф намудани паёмадҳои он вориди чоҳ шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки ба муҷарради ворид шудан ҳар се шадидан аз партоби гази оксиди карбон заҳролуд шудаанд. Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, як нафари дигар дар ҳоли беҳушӣ аз чоҳ берун оварда шуда ва ба беморхона интиқол дода шудааст.

Сабаби ҳодиса дақиқ нест. Эҳтимол меравад, ки ин се корманд бе либоси махсус ва омодагии қаблӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба ин фоҷеа рӯ ба рӯ шуда бошанд.

Гуфта мешавад, ки яке аз ҳалокшудагон 38 ва дуюмӣ 46 сол дошта, аввалӣ сокини кӯчаи Н. Зарифов ва дуюмӣ истиқоматкунандаи кӯчаи Айнии шаҳраки Зафаробод будаанд.

Сеюмӣ, ки айни замон дар бемористон бистарист ва табибон ҳоли ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд, низ сокини кӯчаи айнии шаҳраки Зафаробод будааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.