Замин имрӯз ду маротиба ҷунбид

Имрӯз сокинони ҷумҳурӣ соати 9-47 бо вақти маҳаллӣ ду маротиба ҷунбиши заминро эҳсос намуданд.
Мувофиқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 265 -уми шимолу шарқӣ аз шаҳри Душанбе дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба қайд гирифта шуд. Дар ҳолати аввал заминҷунбӣ 4-5 балл ва дар ҳолати дуюм 6 баллро ташкил дод. Дар Душанбе заминларза 3 балл буд.

Дар натиҷа дар деҳаи Сарғойи ҷамоати деҳоти Алғаи ноҳияи Лахш 2 хонаи истиқоматӣ қисман зарар диданд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҷойи ҳодиса Ситоди ноҳиявӣ фаъолият дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *