Заминларза Тоҷикистонро такон дод
Имрӯз 19- уми декабр соати 10:39 дар Тоҷикистон заминларза рух дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, иттило медиҳад, ки маркази заминларза дар 189-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 118-километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Шаҳритӯс, 114-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Кулоб дар қаламрави Бағлони Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 5 баллро ташкил додааст.
Манбаъ навиштааст,ки “қувваи заминларза дар шаҳри Душанбе 2–3 балл, дар шаҳри Кулоб 3 балл ва дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ 2 баллро ташкил додааст. Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ