Заминларзаи шадид дар шарқи Афғонистон

Дар натиҷаи заминларзаи қуввааш 6 бал, ки шаби гузашта вилояти Кунари Афғонистонро такон дод, даҳҳо деҳа хароб ва садҳо нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои мақомоти Афғонистон, то имрӯз 622 нафар ҳалок ва зиёда аз 1 500 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Маркази заминларза дар 27 километр шимолу шарқи шаҳри Ҷалолобод, дар наздикии марз бо Покистон, дар чуқурии тақрибан 8 километр ҷойгир будааст. Баъд аз такони асосӣ, якчанд пасзаминларза, аз ҷумла бо шиддати 5.2 низ сабт гардидааст.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, роҳҳо аз сабаби лағзиш ва селҳо бастаанд ва расонидани кӯмак мушкил гардидааст. Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот бо истифодаи чархболҳо ва бо кумаки сокинони маҳаллӣ идома дорад.

Мақомот мегӯянд, ки эҳтимол шумораи қурбониён боз ҳам афзоиш ёбад, зеро даҳҳо нафар то ҳол зери харобаҳо қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *