Зан – сарчашмаи меҳру зиндагӣ. Таҷлили Рӯзи Модар дар Амонатбонк (аксҳо)

Дар Раёсати “Амонатбонк” бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси бонк Алиҷон Салимзода, муовинони раиси бонк, Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, инчунин ҳайати кормандон иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш роҳбарияти бонк занону бонувонро бо ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки Модар рамзи муҳаббат, садоқат ва сарчашмаи ҳаёти инсон мебошад. Зикр гардид, ки маҳз меҳру дуои неки модар инсонро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, ба илму маърифат ва хизмати содиқона ба Ватан раҳнамун месозад.

Дар идомаи чорабинӣ Камол Насрулло зимни суханронии худ аз мақому манзалати баланди зан-модар дар ҷомеа ёдовар шуда, изҳор дошт, ки модарон на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки пояи устувори ҷомеа ва нигаҳбони арзишҳои миллӣ мебошанд.

Ҳамзамон, бахши фарҳангии чорабинӣ ба хотири гиромидошти нахустин бонуи суханвари тоҷик – Робияи Балхӣ баргузор гардида, аз ашъори ноби ин шоираи маъруф шеърҳои пурмазмун қироат карда шуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор занону бонувони фаъоли Амонатбонк барои фаъолияти назаррас, меҳнати софдилона ва саҳми арзандаашон дар пешрафти фаъолияти бонк бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *